Дар Тоҷикистон Бюрои миллии хизматрасонӣ барои содиркунандагон фаъолият дорад

Январь 11, 2017 16:17

ДУШАНБЕ, 11.01.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Дар шароити узвияти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ширкаткунандагони муносиботи иқтисодии хориҷӣ дар гузаронидани ташхиси мустақил, баҳо додани сифати маҳсулот, ба даст овардани иттилои муфид, машварати ҳуқуқӣ, пайдо намудани шарикони ҳамкор ва сармоягузорон, барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ, сохтани корхонаҳои муштарак, гузаронидани муаррифиҳо, суҳбатҳо, тренингҳо ва семинарҳо мусоидат менамояд. Дар ин бора 11 январ  зимни нишасти матбуотӣ Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид изҳори ақида намуд.
Мавсуф иброз дошт, ки бо мақсади амалисозии уҳдадориҳои қабулнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯбаи Созишнома оид ба равандҳои содагардонии тиҷорат ва иҷрои барномаи рушди иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, дар назди ПСС Ҷумҳурии Тоҷикистон Бюрои миллии хизматрасонӣ барои содиркунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин марказҳо оид ба пешбурди тиҷорат дар Душанбе, вилояти Хатлон ва вилояти Суғд фаъолият менамоянд.

Январь 11, 2017 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад