Дар ҷумҳурӣ 34 адад иншооти обтозакунӣ мавҷуданд
ДУШАНБЕ, 17.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишасти матбуотии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Хайрулло Ибодзода, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки дар самти назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об дар ҷумҳурӣ 34 адад иншооти обтозакунӣ мавҷуд мебошанд. Аз ин миқдор 29 адад иншооти обтозакунӣ ба Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дохил мешаванд, ки иқтидори онҳо дар як шабонарўз 307,2 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад.
«Ҷиҳати пешгирии ифлосшавии манбаъҳои обӣ ва баланд бардоштани маърифати экологӣ дар давоми соли сипаригашта дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ барномаи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур 185 ҳазору 786 нафар шаҳрвандони синни гуногун, аз ҷумла ҷавонон иштирок намуданд. Дар натиҷа 2140 км каналҳои магистралӣ, обанборҳо, соҳилҳои дарёҳо ва манбаъҳои дигари обӣ тоза ва аз соҳилҳо 14838 м3 партовҳои ҷамъовардашуда ба партовгоҳи расмӣ бароварда шуданд»,- гуфта шуд дар нишасти матбуотӣ.








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст






