Дар ҷумҳурӣ 95 муассисаи таълимии соҳаи фарҳанг амал менамояд
ДУШАНБЕ, 21.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар тӯли соли 2016 оркестри симфонии Театри давлати академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, оркестри созҳои миллии Филармонияи давлатӣ, ансамбли овозадори «Зебо», оркестри эстрадии «Гулшан», ансамбли давлатии «Лола» аз нав эҳё ва бо барномаҳои рангин муаррифӣ шуданд. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 95 муассисаи таълимии соҳаи фарҳанг амал менамоянд, ки дар онҳо ҳудуди 14 ҳазору 528 донишҷӯ ва хонанда таҳсил намуда, ба онҳо 2870 нафар устодони варзидаи соҳаи фарҳанг ва санъат таълим медиҳанд. Дар ин бора дирӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ибрози ақида кард.
Вазири фарҳанг ҳамчунин баён дошт, ки дар соли таҳсили 2015-2016 муассисаҳои таълимии соҳаро 894 нафар хатм намуда, ба муассисаҳои фарҳангӣ равона гардиданд. Дар соли таҳсили 2016-2017 ба муасисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ 1651 нафар донишҷӯ ва ба муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу санъати Федератсияи Россия 30 нафар донишҷӯ дохил шуданд.
Дар нишаст зикр карда шуд, ки дар доираи ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Хитой 10 навраси тоҷик дар Ҷумҳурии халқии Хитой таҳсилро дар студияи наврасони сирки тоҷик анҷом доданд. Акнун онҳо ҳунари худро пешкаши мухлисони сирки кишвар менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






