Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Паёми Пешвои миллат мавриди шарҳу баён қарор гирифт

Январь 5, 2017 14:43

ДУШАНБЕ, 05.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандон суҳбати озод баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад. Зимни суҳбат бандҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шуданд.
Умед Давлатзод, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни шарҳи бандҳои Паём чунин гуфт: «Мақсади мазмуну муҳтавои Паёми имсолаи Пешвои миллат ба фарқ аз паёмҳои пешина, пеш аз ҳама, дар он буд, ки он на танҳо як фосилаи кӯтоҳи рушди кишварро дар бар мегирифт, балки фосилаи нисбатан дарозтар ва тӯлонитари рушди иқтисодиву иҷтимоии онро дар бар мегирифт. Аз ин лиҳоз моро лозим аст, ки дар партави Паёми Пешвои миллат фаъолият намуда, ба натиҷаҳои дилхоҳ ва назаррас ноил гардем».
«Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар соли 2017-ро соли ҷавонон эълон карданд. Ин иқдоми наҷибро мо, ҷавонон ҷониборӣ менамоем ва масъулияти худро ба хубӣ дарк мекунем»,- иброз дошт Барно Ёрова, мутахассиси пешбари Раёсати саноат ва инфрасохтори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Январь 5, 2017 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад