Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба беҳтарин ниҳолпарварон ифтихорнома тақдим кард
ҚӮРҒОНТЕППА, 16.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. 14 январи соли равон дар шаҳри Қурғонтеппа ярмарка-фурӯши ниҳол ва гулу гулбуттаҳо баргузор гардид.
Хоҷагиҳои ниҳолпарварии вилоят дар ярмарка қаламчаи дарахтон ва гулҳои гуногунро ба фурӯш бароварданд, ки ҳамаи ниҳолҳо дорои сертификати сифат мебошанд.
Тавре раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зикр кард, дар хоҷагиҳои вилоят зиёда аз 2 миллион бех ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан парвариш карда шуда, зиёда 1 миллиони он ба фурӯш омода карда шудаанд.
Ҳамзамон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба беҳтарин ниҳолпарварон Ифтихорнома тақдим кард.
Аз тарафи Кумитаи тадорукоти раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ба беҳтарин ниҳолпарварону гулпарварон ва иштирокчиён туҳфаҳо супорида шуданд.













Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






