Деваштич: Паёми Пешвои миллат илҳомбахши ҷавонони ояндасоз!
ДУШАНБЕ, 20.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Деваштич вобаста ба Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва соли 2017 эълон шудани соли ҷавонон ҳамоиш доир гардид.
Рустам Ҷӯразода, Раиси ноҳияи Деваштич баён дошт, ки ҷавонон аз иқдомҳои пайвастаи Сарвари мамлакат ифтихор доранд. Онҳо илму дониши ҷаҳони муосирро аз худ намуда, кӯшиш менамоянд, ки ояндасози кишвару ватани худ гарданд.
Зимни ҳамоиш ҷавонони фаъол ба сухан баромада, иброз доштанд, ки ҷавонони имрӯза бояд соҳибмаърифату ватандӯст бошанд, аз имконияту шароити имрӯза самаранок истифода бурда, кӯшиш намоянд ҳиссаи арзандаи хешро баҳри пешрафти Ватан гузоранд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






