Дидбонгоҳи гумрукии «Саразм» дорои шароити кории муосир аст

Январь 31, 2017 16:56

ДУШАНБЕ, 31.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дидбонгоҳи гумрукии «Саразм»-и гумруки Панҷакенти Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд бо дастгирӣ ва маблағгузории Бонки Осиёии Рушд /БОР/ дар доираи барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи марказии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба истифода дода шуд.
Тавре аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳуии Тоҷикистон хабар доданд, корҳои сохтмонии иншооти мазкур 20 октябри соли 2015 оғоз гардида, моҳи декабри соли 2016 дар муддати 14 моҳ бо сифати баланд ба анҷом расонида шуданд.
«Бинои равзанаи ягона барои ҳамаи сохторҳои назоратие, ки дар сарҳадҳо фаъолият мекунанд, ба инобат гирифта шуда, дар он тамоми шароити кории муосир фароҳам оварда шудааст»,-хабар дод манбаъ.

Январь 31, 2017 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад