ДМИТ бо 9 муассисааи таълимии олӣ ва ташкилоти ғайридавлатӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидаст
ДУШАНБЕ, 20.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Имрӯз дар донишкада 6 ҳазору 807 нафар донишҷӯ дар шуъбаи рӯзона ва шуъбаи ғоибона таҳсил мекунанд. Ин нуктаро имрӯз ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) Ашурбой Солеҳзода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.
Дар соли 2016 донишкада бо 9 муассисаҳои таълимии олӣ ва ташкилоти ғайридавлатӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
Дар доираи ҳамкории байнидонишкадавӣ 6 нафар устодони донишкада дар муассисаҳои олии хориҷи кишвар дар курсҳои бозомӯзӣ, семинарҳо, конфронсҳои илмӣ ва симпозиумҳо иштирок намуданд.
35 нафар донишҷўи донишкада дар доираи барномаҳои мубодилаи донишҷӯён дар Донишгоҳи НАРХОЗ-и Қазоқистон, Донишгоҳи менеҷменти Алмаато, Донишгоҳи давлатии Бошқирдистон ва Донишгоҳи Пскови Федератсияи Россия дар зинаҳои бакалавриат ва магистратура таҳсил мекунанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






