Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон дорои неруи баланди зеҳнӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 20.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон дорои неруи баланди зеҳнӣ буда, қариб 40 фоизи устодони он соҳиби унвонҳои илмӣ мебошанд. Ин нуктаро Диловар Қодирзода, Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ин ниҳод баён дошт. Мавсуф гуфт: «Аз 151 нафар устодони донишкада 6 нафар доктори илм ва 53 нафар номзади илм мебошанд, ки ин барои беҳтар кардани сифати таҳсил дар донишкада шароит муҳайё месозад».
Раёсати донишкада ба сифати таълим диққати ҷиддӣ дода, гузариш аз миқдор ба сифатро ба таври шоиста амалӣ месозад. Дар ин самт зарур аст, ки назорати қатъии сифати таълим ва алоқамандии сифати таълим бо натиҷаҳои таҳсилот, баҳодиҳии сатҳи иҷрои барномаҳои таълимӣ ва истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди таълим ҷоннок карда шавад.
«Яке аз вазифаҳои дигаре, ки дар самти беҳтар намудани сифати таҳсилот бояд амалӣ гардад, ин гузариш ба таҳсилоти фосилавӣ аст. Аз соли хониши 2017-2018 дар шуъбаи ғоибона мо ба ин низом мегузарем»,-гуфт Диловар Қодирзода.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






