Довар «нокдаун» гирифт
ДУШАНБЕ, 16.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Чемпиони ҷаҳон дар вазни миёна (то 76,2 килограмм) аз рӯи нишондоди Шӯрои байналмилалии бокс (WBC) Баду Ҷеки шведӣ дирӯз ҳангоми рақобат бо соҳиби камарбанди Федератсияи байналмилалии бокс (IBF) Ҷеймс Дигели англис ғофилан бо зарбаи сахт доварро ба «накдаун» фиристод. Ин лаҳза дар шабакаи YouTube дар бахши Boxing Freaks пайдо шудааст.
Вохӯрии байни ин боксчиён бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфт, аммо довар Артур Мерканти хурдӣ ҳеҷ гоҳ ин мусобиқаро аз ёд фаромӯш нахоҳад кард. Дар лаҳзае, ки ӯ мехост боксчиёнро аз ҳам ҷудо кунад, мушти обдори Баду Ҷек ба ҷоғаш рост омад ва ба нокдаун рафт. Худи боксчӣ доварро аз афтидан боздошт ва аз ӯ узр пурсид.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






