ДСРТ: 500 соати бозомӯзии касбии муаллимони забони русӣ

Январь 13, 2017 14:01

ДУШАНБЕ, 13.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Моҳҳои январ-феврали соли 2016 дар доираи Барномаи рушди донишгоҳ дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон курсҳои 500 соати бозомӯзии касбии муаллимони забони русӣ, ки соҳиби маълумоти махсуси филологӣ набуданд, бомуваффақият гузаштанд. Дар ин бора Нуралӣ Салихов, ректори Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ӯ зикр намуд, ки дар курсҳои мазкур 16 муаллим аз ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ таълим гирифтанд ва тибқи талаботи «Қонун дар бораи маориф»-и Федератсияи Россия соҳиби диплом оид ба бозомӯзии касбӣ гаштанд».

Бояд гуфт, шумораи донишҷӯён то 1 октябри соли 2017 дар ин донишгоҳ 6234 нафарро ташкил медиҳад. Аз онҳо 2812 нафар дар асоси буҷавӣ ва 3422 нафарашон дар асоси шартномавӣ таҳсил доранд.

Январь 13, 2017 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад