Эҳёи ҷашни Сада аз шарофати истиқлолияти давлатӣ аст

Январь 28, 2017 12:13

ДУШАНБЕ, 28.01.2017./АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 29 январ дар Боғи «Ирам»-и шаҳри Душабе маросими таҷлил аз иди қадимӣ ва миллии мо — Сада баргузор мегардад.   Ин ид ифодагари ҷовидонагии Хуршед, рамзи оташ, гармӣ, нур ва некӣ мебошад.

Мо хонандагони худро барои иштирок дар ин ҷашни зебо ба Боғи «Ирам»-и пойтахт даъват мекунем. Ҳамзамон дар зер мақолаи пурмуҳтавои донишмандони маъруфи тоҷик академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва профессор Равшан Раҳмонӣ таҳти унвони «Эҳёи ҷашни Сада аз шарофати Истиқлолияти давлатӣ аст» пешниҳод мегардад, ки дар бораи таърих ва моҳияти ин ҷашни бостонӣ нақл мекунад.

Истиқлолияти давлатӣ беҳтарин дастоварди миллии мо дар садаи ХХ1 мебошад, ки ба шарофати он мақоми Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ баланд рафт ва ҷумҳуриямон ба сифати як кишвари мустақили ягонаи демокративу дунявӣ шинохта шуд.

Баъди расидан ба Истиқлолият ва озодӣ дар кишварамон як қатор суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ эҳё гардиданд, ки онҳо садсолаҳо аз назари халқ дур буданд, таҷлили баъзеашон манъ гардида буд ва қисми дигарашон ба гўшаи фаромўшӣ рафта, танҳо дар хотираи таърихиву фарҳангии халқамон боқӣ монда буданду халос. Ҳатто таърихи халқи тоҷик мукаммал омўхта намешуд, қисми зиёди одамон дар бораи қавму қабилаҳои ориёӣ, шоҳони пешин, давраҳои тиллоии давлати тоҷикон, муборизаҳои фидокоронаи фарзандони ин кишвари номвар ба муқобили аҷнабиён ва даҳҳо ҳодисаву рўйдодҳои дигари гузашта маълумот надоштанд.

Сада

Бо шарофати Истиқлолият ва ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани шахсияти ватанхоҳу ватандўст ва худогоҳу худшинос муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳуввияти миллӣ ва эҳё гардидани таърихи куҳан, инчунин муроҷиат ба осори пешин ва зинда намудани чеҳраҳои таърихиву фарҳангии гузаштаи халқи тоҷик ба ҷойи аввал баромад. Бо таълифи асари бисёрҷилдаи «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Забон – ҳастии миллат» ва китобу мақолаҳои зиёди муҳимми хусусияти ватандўстона дошта, Пешвои миллат исбот намуданд, ки халқи тоҷик таърихи ниҳоят куҳан дорад ва фарзандони баномус ва бузурге дар ин сарзамин умр ба сар бурдаанд, ки номашон на танҳо дар оинаи таърих, балки офаридаҳояшон барои башарият хидмат намудаанд. Дар баробари ин Сарвари давлат ба мероси маънавии суннатии шоистаи мардум баҳои баланд дода, омўзиш ва тарғиби ин осори гаронбаҳоро вазифаи ҳар як фарди бедордил дониста, доимо даъват ба амал меоваранд, ки таърихи гузашта ва фарҳанги пешиниёнро насли имрўза дуруст аз бар намоянд ва ба он сидқан арҷ гузоранд.

Дар асоси ҳамин ишораҳои ватандўстона омўзиш, таҳқиқ ва ҷустуҷўҳои бостоншиносиву мардумшиносӣ дар ҷумҳуриямон бо диди нав оғоз шуд ва тайи ду даҳсола натиҷаҳои дилхоҳ ба даст овард. Махсусан, ҷиҳати шинохти миллати тоҷик, таърихи ниҳоят қадимаи он як қатор таълифоти илмӣ арзи ҳастӣ карданд, ки онҳо барои таҳаввули тафаккури ҷомеа ва омўзиши осори гузашта мусоидат намуданд. Ҳамин боис шуд, ки дар ин давра мардуми тоҷик ба омўзиши таърихи халқи худ ва давраҳои ташаккули он майли бештар пайдо намуданд ва эҳсосу муҳаббаташон нисбат ба ин марзу бум ва мероси гаронбаҳои халқ бештар гардид.

Боиси сарфарозист, ки маҳз тавассути асарҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои шоистаашон расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хидмат намуданд, аз нав эҳё гардиданд ва аз тарафи аҳли ҷомеа ба хубӣ пазируфта шуданд. Дар байни онҳо ҷой ва мақоми се ҷашни миллию мардумӣ – Наврўз, Меҳргон ва Сада хоса мебошад.

Доир ба ҷойгоҳи Наврўз ва Меҳргон ва нақши онҳо дар рўзгори мардуми тоҷик корҳои илмии арзишманд таълиф шуданд, аҳли ҷомеа таҷлили онҳоро ба хубӣ пазируфтанд ва ҳамасола дар мамлакат ин ҷашнҳо бо шукўҳу шаҳомат дар саросари диёри азизамон доир мегарданд ва хурду бузург дар тантанаҳои ҷашнӣ фаъолона иштирок менамоянд. Аммо оид ба ҷашни Сада дар кишвар асарҳои илмӣ ва оммавӣ андак буда, мақоми ин ҷашни миллӣ кам шарҳ ёфтааст ва таҷлили он низ дуруст ба роҳ монда нашудааст. Ҳол он ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол муқаддам ҳангоми нахустин бор ҷашн гирифтани ҷашни Меҳргон ишора карданд, ки: « … барои халқи тоҷик ҷашни Сада мисли ҷашни Меҳргон таърихи қадим дорад ва бояд аз нав эҳё гардад». Муттассифона ба ин масъала кам аҳамият дода шуд. Вале бо боварӣ метавон гуфт, ки он имсол дар кишвар дар доираи суннатҳои ин ҷашни миллӣ ба таври хос баргузор хоҳад гашт.

Дар ин мақола кўшиш намудем, ки баъзе паҳлуҳои ин ҷашни ниёкон ва аҳмияти онро барои халқи тоҷик дар шароити кунунӣ равшан намоем ва иҷмолан доир ба пайдоиш ва таърихи ташаккули ҷашни Сада, ки вобаста ба Хуршед ва оташ аст, изҳори назар намоем.

Таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ мебашад, хело қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Доир ба арзи ҳастӣ намудани он аввалин ахбор дар фарҳанги гуфторӣ (шифоҳӣ), устураҳои мансух ишора рафта ва тавассути ин ду сарчашма ба осори хаттӣ роҳ ёфтааст. Хеле муҳим аст, ки боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани ҷашни Сада мебошад, то имрўз дар байни мардумони гуногуни олам ба назар мерасад.

Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ мебошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ў бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Баъдҳо маҳз пайдо шудани «ҷашни оташ» ва ҳамчун рамзи Хуршед донистани он ҷашни Сада дар миёни мардум густариш пайдо кард.

Маҳз ҷашни Сада барои эҳтиром гузоштан ба Хуршед ва оташу рўшноӣ асос гузошт ва боиси он гардид, ки одамони қадим ба ин муқаддасот эътиқод пайдо намоянд ва онҳоро ситоиш созанд. Агар Хуршед бо нури гармии худ ва фурўзонии хеш ба зиндагии одамон гармӣ ворид карда бошад, пас, оташу рўшноӣ барои мунаввар сохтани қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон асос гузошта, баъдҳо онҳо ба ду ҷавҳари муқаддас табдил ёфтаанд, ки дар устураҳо ҷанбаи парастишӣ пайдо кардаанд ва баъдҳо аз ҷониби мўъбадон ситоиш ва ниёиш ёфтаанд. Ба таври дигар, пас аз садсолаҳо, он намои Ҳурмузд маҳсуб ёфта, дар оини зардуштӣ ҷойгоҳи хос дошт ва бо усулҳои мухталиф парастиш мегардид.

Дар баробари ин ниёгони пешини мо рўйи худро ба сўи оташ намуда, дастони худро ба сўи Хуршед мебурданд ва барои беҳбудии рўзгори хеш аз оташу Хуршед мадад металабиданд. Ҳадаф аз ин ниёиш расидан ба Наврўз ва омадани соли хуб барои кишту кор буд, ки дар давраи ибтидоӣ мақом ва ҷойгоҳи хос дошт. Ҳамин боварҳо буд, ки дар замонҳои хеле дури пеш аз мелод қавмҳои гуногуни одамӣ барои рўзгори худ маросимҳо меофариданд ва хушҳоливу зиндагии баъдиашонро бо ин ҷашну маросим пайванд менамуданд, ки ҷашни Сада яке аз онҳост.

Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада назарҳо гуногун мебошанд. Баъзе муҳаққиқон ва донишмандон онро ҷашни замони ориёӣ мепиндоранд ва иддаи дигар падидории онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд. Вале ба ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷҷамўи рўшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтанд ва баъдиҳо онро то рўзгори мо расониданд. Агар аз ин нуқтаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама моҳияти мақулаҳои хуршед, рўшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомаш ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рўшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад. Дар ин бора Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навиштаҳои худ ишорати ҷолибе доранд, ки чунин аст: «Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед, чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст» (Эмомалӣ Раҳмонов, «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», 2006, с.263).

Ҳамин хусусиятро инсонҳои замони бостон эътироф намуда, аз гармии Хуршед баҳра мебурданд ва алоҳида онро ниёиш карда, пасон, рўшноӣ ва оташро ба он нисбат дода, ин унсурҳои табииро кашф карданд ва ба онҳо эътиқод оварда, ба парастишашон оғоз намуданд, ки баъдҳо муҷиби пайдо шудани ҷашни Сада гардидааст.

Агар аз ин нуктаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама ба назари мо Хуршед ҷилвагар мешавад. Чунки бидуни Хуршед ҳаёт вуҷуд надорад. Маҳз ба воситаи рўшноии он тамоми мавҷудоти олами зинда дар ҳаракат аст. Инсонҳои замони бостон, ки ҳанўз нутқ надоштанд, дар канори тамоми мавҷудоти олам аз гармии Хуршед баҳра мебурданд. Баъд аз он ки инсон соҳиби гуфтор гардид ва андешаашро ифода мекардагӣ шуд, ки ин тахминан 40-50 ҳазор сол аст (ниг.: Старостин А.С. У человека был один праязык / Знание сила, 2003, №8) ба муҳити худ бо назари устураӣ менигарист. Ба таври комил намедонист, ки чаро Хуршед мебарояд, гармо ва сармо ҳаст ва ғайра. Маҳз барои ҳамин аз ҳамон замонҳои бостон инсонҳои ҷомеаи ибтидоӣ, ки акнун дар бораи муҳити зисти худ меандешиданд, ба Хуршед эҳтироми зиёд доштанд. Онро муқаддас меҳисобиданд. Баракати зиндагии худро ба он пайваст медонистанд. Ҳамин буд, ки дар тамоми гўшаву канори дунё ба Хуршед, баъдҳо ҳамчун рамзи он ба оташ чун падидаи муқаддас эҳтиром мегузоштанд. Ба хусус дар он кишварҳое, ки дар он ҷо сармо бештар аст, чун рамзи Хуршед аз оташ гулхани хурду бузург афрўхта, дар гирди он шодиву сурур менамуданд. Ҳамчунин маҳз Хуршед аст, ки бар пояи рўшноии он дар рўи замин, одамон ба кишоварзӣ машғул мешаванд. Бо самари кишту кори худ рўзгори хешро пеш мебаранд.

Донишманди машҳури англис Ҷеймс Ҷорҷ Фрэзер (1854-1941) дар бахшҳои ҷудогонаи яке аз китобҳои машҳури худ таҳти унвони «Шохаи тиллоӣ» ба таври муфассал дар бораи эҳтироми мардум ба оташ ва ҷашни оташ дар кишварҳои аврупоӣ ва дигар мамлакатҳо сухан мегўяд. Дар баробари ин чи гуна бо рўзгори мардум пайванд будани оташро шарҳ дода, ҷойгоҳи муҳим доштани онро дар ҳаёти моддию маънавии одамон равшан менамояд. Зимнан чун намоди ҷашнӣ ба кор рафтани оташро низ таъкид намуда, ишорат бар он менамояд, ки Оташ ин як навъ инъикоси рамзии Хуршед аз ҷониби одамон дар рўи замин аст (Фрэзер Дж. Золотая ветвь. Т.2. М., 2001, с.312-378).

Аз баррасии муфассали ин донишманд маълум мешавад, ки ҷашни Сада низ баробари оташ ба доираи эътиқоди одамони қадима ҳамроҳ буда, ба Хуршед рабти бевосита дорад.

Дар фарҳанги суннатии ниёгони мо муборизаи равшанӣ ва торикӣ ҳамчун ҷавҳари маънавӣ нақши калидӣ доранд, ки он ба ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад. Дар доираи ташаккули ҳамин унсурҳои ба ҳам зид гузаштагони мо, аз ҷумла қавмҳои ориёӣ ду фасли сол доштанд, ки ин ҳамон муборизаи Ҳурмузду Аҳриман ва муборизаи равшанӣ бо торикиро ба ёд меорад. Якеро тобистони (ҳама [hama]) бузург меномиданд, ки он ҳафт моҳро дар бар мегирифт ва аз оғози фарвардин (баробари 21-ум ва гоҳе 22-уми моҳи март) шурўъ шуда, то охири моҳи меҳр (баробари 22 октябр) идома меёфт. Дуюмиро зимистони (зайана [zayana]) бузург мегуфтанд, ки аз аввали моҳи обон (баробари 23 октябр) сар мешуд ва то поёни моҳи исфандро (баробари 20 март) дар бар гирифта, 150 рўз идома меёфт.

Ба гуфти бархе аз донишмандон ҳамин ки аз зимистони бузург сад рўз мегузашт, мардум ҷашни оташ, яъне Садаро барпо менамуданд. Онҳо бовар доштанд, ки лаҳзаҳои сармои ҷонкоҳ гузаштаасту нармию гармӣ вориди рўзгори мардум шудааст. Аз гузаштани сармои шадид, ки неруи аҳриманӣ аст, хушҳолӣ карда аз дашту саҳро ҳезум, бутта, хошок ҷамъ оварда, хирмани бузург месохтанд. Баробари расидани торикӣ он хирмани ҳезуму хасу хошокро оташ мезаданд, ки аз ин оташ ҳама ҷо фурўзон мегашт ва дар гирди он рақсу бозию хушҳолӣ менамуданд. Дар он рўзгорони қадим ниёгони ориёиҳо бар он бовар буданд, ки ин гулхан ҳамчун неруи Ҳурмузд бозмондаҳои сарморо, ки марбути Аҳриман аст, нобуд месозад (Ниг.: Разӣ Ҳ. Гоҳшуморӣ ва ҷашнҳои Эрони бостон. Теҳрон, 1371).

Ҷашни Садаро дар даҳумин рўзи моҳи баҳман (баробари 29-30 январ) баргузор мекарданд, ки аз зимистон сад рўз (обон, озар, дай ва даҳ рўзи баҳман) мегузашт. Ба ақидаи ориёиҳои қадим сармо ба авҷи баланди худ мерасид ва баъдан ҳаво тадриҷан ба самти беҳбудӣ, нармӣ ва гармӣ мерафт. Аз ин рў барои он ки ба кишту кори онҳо зараре нарасад ва чорвоҳояшон аз сардӣ эмин нигаҳдорӣ гардад, оташро ҳамчун рамзи Ҳурмузд меафрўхтанд, то дар он қувваҳои бадӣ сўзанду нобуд гарданд.

Доир ба таърихи пайдоиши ҷашни Сада назарҳои дигар низ мавҷуданд, ки барои равшан шудани мақсад аз онҳо ёдовар шудан аз манфиат холӣ намебошад.

Абурайҳон Берунӣ дар «Аттафҳим» доир ба ин ҷашн чунин ишора намудааст: «Сада чист? Обонрўз аст аз баҳманмоҳ. Ва он даҳум рўз бувад. Ва андар шабаш, ки миёни рўзи даҳум аст ва миёни рўзи ёздаҳум оташҳо зананд ба гавзу[чормағз] бодом ва гирд бар гирди он шароб хўранд ва лаҳву [бозӣ] шодӣ кунанд. Ва низ гурўҳе аз он бигузаранд, то ба сўзонидани ҷонварон. Ва аммо сабаби номаш чунон аст, ки аз ў то Наврўз панҷоҳ рўз аст ва панҷоҳ шаб…» (Аттафҳим 1973, с.145). Аз рўи ин маълумоти таърихӣ равшан мешавад, ки ин ҷашн дар миёни мардум аз замонҳои қадим маҳбубият доштааст ва ба он гузштагони мо эҳтироми хоса менамудаанд.

Доир ба таърихи ҷашни Сада Абулқосим Фирдавсӣ низ дар «Шоҳнома» ахбор пешниҳод намуда, қадимияти онро тасдиқ кардааст ва арзиши онро барои мардуми эронитабор муҳим донистааст. Шоир устураи Ҳушангро ба достони худ ворид карда, ба он ҷанбаи таърихию бадеӣ бахшидааст ва аз замони бостон будани ин ҷашн ишора кардааст. Фирдавсӣ менависад:

Яке рўз шоҳи ҷаҳон сўи кўҳ,

Гузар кард бо чанд кас ҳамгурўҳ.

Падид омад аз дур чизи дароз,

Сияҳрангу тиратану тезтоз.

Ду чашм аз бари сар чу ду чашма хун,

Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун.

Нигаҳ кард Ҳушанги боҳушу санг,

Гирифташ яке сангу шуд пешчанг.

Ба зўри каёнӣ биёзид даст,

Ҷаҳонсўз мор аз ҷаҳонҷў биҷаст.

Баромад ба санги гарон санги хурд,

Ҳам ону ҳам ин санг бишкаст хурд.

Фурўғе падид омад аз ҳарду санг,

Дили санг гашт аз фурўғ озаранг.

Нашуд мор кушта, валекин зи роз,

Падид омад оташ аз он санг боз.

Ҳар он кас, ки бар санг оҳан задӣ,

Аз ў равшаноӣ падид омадӣ.

Ҷаҳонро пеши ҷаҳонофарин,

Ниёиш ҳаме карду хонд офарин.

Ки ўро фурўғе чунин ҳадя дод,

Ҳамин оташ онгоҳ қибла ниҳод.

Бигуфто: «Фурўғест ин эзадӣ,

Парастид бояд, агар бихрадӣ».

Шаб омад, барафрўхт оташ чу кўҳ,

Ҳамон шоҳ дар гирди ў бо гурўҳ.

Яке ҷашн кард он шабу бода хвард,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ў дигар шаҳриёр. (Фирдавсӣ 1987, с.53-54).

Устурае, ки Фирдавсӣ ба назм дароварда, дар қисми аввали достони худ бо он оҳанги таърихию бадеӣ бахшидааст, аз қадимияти ин ҷашни ниёкон хабар медиҳад. Аз рўи ишораҳои дигари Ҳаким Фирдавсӣ ҷашни Сада дар замони шоир маълум буда, мардум барои баргузории он интизорӣ мекашиданд ва онро таҷлил менамуданд:

Биҳиштам биёмад зи оташкада,

Чу наздик шуд рўзгори Сада.

Аз ин ишораҳо маълум мешавад, ки Фирдавсӣ ба ин ҷашн эътиқоди хос доштааст ва ҳамчун маросими миллӣ аз он ифтихор карда, бо муҳаббат ва самимият дар бораи пайдоиши он нақл мекунад ва ҳамчун «фуруғӣ эзадӣ» аз он парастиш мекунад. Дар ин таъкиди Фирдавсӣ падид омадани оташ, рўшноӣ муҷиби мубориза ба муқобили торикӣ буда, арзи ҳастӣ кардани ҷашни Сада воситаи хушҳолии мардум мебошад, ки бо ин роҳ онҳо шодию хурсандӣ мекунанд, ба ҳамдигар таманниёт орзу менамоянд ва кинаву адоватро аз худ дур намуда, ҳамаи онро ба оташ мепартоянд ва ҳамчун зуҳури аҳриманӣ аз ботинашон дур месозанд. Ин рукнҳо баъдҳо ба анъанаи миллӣ табдил ёфта, ташаккул меёбанд ва дар байни халқ ҷойгоҳи хосро пайдо карда, дар хотираи таърихию фарҳангиашон ворид мешаванд ва то ба имрўз идома меёбанд.

Дар рисолаи «Назария ва сайри таърихии устурасозии форсӣ-тоҷикӣ» (Душанбе: Дониш, 1999, с. 105-106) мо низ доир ба таърихи пайдоиши ҷашни Сада ва устураи Ҳушанг маълумот дода, таъкид кардаем, ки як омили падид омадани «оташ» дар тафаккури асотирии мардуми эронитабор аз таассуроти одамони ибтидоӣ бо табиат сарчашма мегирад ва қисме аз онҳо дар аввал ҷанбаи парастишӣ гирифта бо гузашти замонҳо ва иваз гардидани тафаккури эҷодию зеҳнӣ  ба таркиби оину ҷашнҳои миллӣ (ба мисли ҷашни Сада ва Меҳргон ва амсоли онҳо) ворид шуда, ба маросим табдил меёбанд.

Вобаста ба ин таъкид карда будем, ки: «Дар сарчашмаҳои оиниву устуравии мардуми эронитабор, аз ҷумла тоҷикон аввалин андешаву орзуҳои мардум ифода ёфтаанд, ки дар ҳар кадоми онҳо рамзи таассуроти нахустин халлоқони олам инъикос шуда, баъдтар тавассути мазҳабҳои мухталлифи миллӣ ва дигар манбаъҳои хаттӣ пояи устувор пайдо кардаанд. Устураҳои миллии халкҳои эронитабор маҳз дар ҳамин сарчашмаҳо ҷой гирифта, аз ҳамин роҳ ба фарҳанг ва адабиёти бадеӣ шомил гардидаанд».

Дар ҳақиқат устураи Ҳушанг ва пайдоиши оини Сада баъдҳо хусусияти милливу маросимӣ гирифта, ба қатори дигар ҷашнҳои мардумӣ ворид шуд ва дар миёни мардуми эронитабор, аз ҷумла тоҷикон мақому манзалати хос пайдо намуд, ки аксари шоирони пешин ва сарчашмаҳои таърихӣ аз тарзи баргузорӣ ва арҷ гузоштани он аз ҷониби шоҳон ва аҳолӣ ахбори зиёде ба ёдгор мондаанд.

Оид ба истилоҳи «сада» низ фикрҳои гуногун мавҷуд бошанд ҳам, онҳо ба ҳамдигар умумият дошта, қадимияти ин ҷашнро тасдиқ менамоянд. Масалан, донишманди маъруфи эронӣ Ҳошими Ризоӣ дар бораи вожаи сада менависад, ки: «Сада вожаи форсӣ аст. Дар паҳлавӣ бояд ба шакле аз ин ашкол: сат [sat], сатаг [satag], садҳаг [sadhag], садҳ [sadh], сата [sata] буда бошад. Дар арабӣ ба сурати сазақ ё садақ китобат ва талаффуз мешавад. Маъмулан вожаҳое, ки аз форсии миёна ба форсии ҷадид даромада ва ба «ҳо»-и ғайри малфуз хатм мешаванд, дар асл ба ҳарфи «гоф» ё «коф» тамом мешуда. Ҳамчунин ҳарфи «т» дар паҳлавӣ, дар форсии ҷадид ба «д» ва дар арабӣ ба «зол» табдил мешавад. Дар форсии миёна ва форсии бостон ва Авасто ба ҳар ҳол вожаи сата ба маънии сад, адади сад мебошад, чунонки дар форсӣ низ сада ба маънии сад сол дар баробари қарн ба кор меравад». (Ризо Ҳошим. Ҷашнҳои оташ ва меҳргон. Теҳрон, 1383, саҳ.99)

Дар бораи Сада дар Луғатномаи Деҳхудо, ки он дар асоси фарҳангҳои пешин таълиф шуддааст, чунин омадааст: «Сада. Аз сад+а, бадал аз фатҳаи охир (пасаванди нисбат). Луғатан ба маънии мансуб ба шумораи сад. Дар бораи иллати интисоби ин ҷашн ба шумораи мазбур гуфтаҳои бисёр овардаанд… Номи рўзи даҳум баҳманмоҳ аст ва дар ин рўз форсиён ид кунанд ва ҷашн созанду оташи бисёр афрўзанд ва мулук ва салотини эшон мурғон ва ҷонварони саҳроиро гирифта, дастаҳои гиёҳ бар пои эшон баста дар он гиёҳ зананд то дар ҳаво бипаранд ва дар саҳро бираванд ва ҳамчунин оташ дар кўҳу саҳро зананд (Деҳхудо, соли 1373, с.11920).

Дар «Ғиёс-ул-луғот»  оид ба ҷашни Сада чунин шарҳ омадааст: «Сада дар форсӣ номи ҷашне аз ҷашнҳои муғон, ки ба рўзи даҳуми моҳи баҳман бошад; ва ба зам ва ташдиди дол (яъне судда) дар арабӣ ба маънии остона ва ба маънии гиреҳ монанди чизе, ки дар рўдаҳо ё дар рагҳо дарояд ва роҳи онро банд намояд (аз «Бурҳон» ва «Латоиф» ва «Суроҳ» ва «Рашидӣ» ва ғайри онҳо); ва дар «Сироҷ» навишта, ки сада (ба фатҳатайн) даҳуми рўзи баҳман; чун дар ин рўз адади фарзандони Одам, ки Каюмарс иборат аз он аст ба адади сад расида, лиҳозо рўзи ҷашн муқаррар шуда; ва лафзи сад дар асл бо сини маҳмала аст, ки ҳоло ба сод машҳур шуда» (ниг.: Муҳаммад Ғиёсуддин. Ғиёс-ул-луғот. Душанбе: Адиб, 1987, с.417).

Дар аксари луғатномаҳо ҳамин маънии болоро тарафдорӣ намудаанд, аммо устурашинос Меҳрдоди Баҳор дар яке аз гуфтугўҳои худ вожаи садаро ба таври зерин шарҳ додааст: «Тавҷеҳи он бо адади «сад» иштиқоқи омиёна аст, чунон ки панҷоҳ рўз ва панҷоҳ шаб монда ба Наврўзро сада фарз кардаанд. Ба гумони ман сада аз решаи санди (sand) авестоӣ аст ба маънии «зоҳир шудан» (Баҳор М. Аз устура то таърих. Теҳрон, 1381, с.354). Шояд ин таъкиди донишманд асос дошта бошад, вале моҳияти мафҳуми Сада асосан ба тақвими пешиниён алоқа буда, наздик шудан ба Наврўз ва аз зимистони бузург гузаштанро ифода менамояд ва ба рамзҳои оташ, Хуршед ва рўшноиву торикӣ алоқаманд буданро бештар дар худ таҷҷалӣ менамояд. Ба маънои дигар, Сада хоси эътиқодоти одамони пешин буда, дар он ормонҳои ибтидоии гузаштагон ниҳон мебошад.

Барои он ки хонандагони гиромӣ асли матлабро дарк намоянд, ба чанде аз устураҳои машҳур муроҷиат менамоем, ки дар он аз ҷашни Сада хотировар шудаанд.

Сада-2

Дар устураи «Бунёд ниҳодани ҷашни Сада аз ҷониби Ҳушанг» омадааст, ки: «Яке аз рўзҳо шоҳи ҷаҳон Ҳушанг бо чанд тан ҳамгурўҳи худ ба сўи кўҳ рафт ва аз ҷое гузар мекард, ногоҳ чашмаш ба чизи дарозе бархўрд. Он чиз дароз, сияҳранг, тиратан ва тезтоз буд. Аз ду чашмаш, ки дар ду бари сараш буд, гўё чашмаи хун мерехт. Даҳонаш чунон дуд мекард, ки гўё аз он ҷаҳон тира мешуд. Вай мори сиёҳи бадҳайбате буд. Шоҳ Ҳушанги боҳуш ба он нигаҳ кард ва ҳамон замон пешдастӣ карда, як сангеро гирифту ба сўи он партофт. Вале мори ҷаҳонсўз биҷасту гурехт ва санги хурди партофтаи шоҳ ба санги калони дигаре бархўрду ҳар ду санг бишкастанд ва ялаққос равшанӣ доданд.  Агарчӣ мор кушта нашуд, вале аз он сангҳо оташ ба вуҷуд омад. Пас аз он ки ҳар кас бар санг оҳан мезад аз он равашанӣ бармеомад. Ҳамаи ононе, ки ҳамгурўҳи Ҳушанг буданд ниёиш мекарданду ба ў офарин мегуфтанд, ки яздон ба вай чунин фурўғе ҳадя намуд. Аз он замон ба баъд ҳамин оташ қиблаи онҳо шуд ва гуфтанд, ки «ин фурўғи эзадӣ аст, агар ҳар кӣ бихрад аст онро бояд парастид». Шаб омад, он оташро чун кўҳ барафрўхтанд. Ҳушангшоҳ дар гирди он бо ҳамон гурўҳи худ як ҷашни бузурге барпо намуду хушҳолӣ ва боданўшӣ кард. Аз он замон номи он ҷашни фархундаро Сада номиданд. Ин буд, ки аз Ҳушанг ҷашни Сада ба ёдгор боқӣ монд».

Дар устураи «Адади фарзандони Одам» низ доир ба таърихи ҷашни Сада ишора рафтааст: «Мегўянд Каюмарс, яъне Одам, ки нахустин инсон буд сад фарзанд дошт. Панҷоҳ нафари онҳо аз ҷинси зан ва панҷоҳи дигар аз ҷинси мард. Замоне, ки онҳо ба балоғат расиданд он рўзро ҷашн гирифтанд ва ҳамаи онҳоро соҳиби хонаву ҷой карданд. Сипас шоҳ фармуд, ки оташи бисёр афрўзанд ва ҷашн гиранд. Аз ин рў он ҷашнро Сада меноманд». Ба ин устура дар «Бурҳони қотеъ», «Ғиёс-ул-луғот», «Луғатномаи Деҳудо» ва манобеи дигар низ ишорат шудааст.

Дар устураи «Шаби пирўзӣ бар Заҳҳок» низ доир ба пайдоиши ҷашни Сада ахбор омада, дар ин ҷо асосгузори Сада Фаридун муаррифӣ шудааст. Ин устура низ хеле машҳур аст. Дар сарчашмаҳои гуногун дида мешавад. Аз ҷумла Берунӣ ин матлабро ҳам дар «Аттафҳим» ва ҳам ба хусус дар китоби худ «Осор-ул-боқия» муфассалтар баён менамояд: «Ва эрониён пас аз он ки кабс аз моҳҳои эшон бартараф шуд, дар ин вақт мунтазир буданд, ки сармо аз эшон бартараф шавад ва давраи он бекор гардад, зеро эшон оғози зимистонро аз панҷ рўз, ки аз обонмоҳ бигузарад, мешумурданд. Ва охири зимистон даҳ рўз, ки аз баҳманмоҳ мегузашт, мешумурданд. Ва аҳли Караҷ ин шабро – «шаби газана» мегўянд, яъне шабе, ки дар он газидан зиёд аст. Ва мақсудашон ин аст, ки сармо шахсро дар ин шаб «мегазад». Гуфтаанд: сабаб ин ки дар ин шаб оташ бардошта мешавад, ин аст, ки чун Заҳҳок қарор гузошта буд, ҳар рўз ду нафар биёваранд ва барои море, ки ба дўши ў буд, димоғи онҳоро ғизо қарор диҳанд. Ва шахсе, ки муваккал ба ин кор буд, пас аз омадани Заҳҳок ба Эрон, Измоил ном дошт. Ва ин шахси муваккал яке аз ин дуро озод мекард ва тўшае мебахшиду ўро амр мекард, ки ба қисми ғарбии кўҳи Дамованд сокин шавад. Ва дар он ҷо бираваду барои худ хонае бисозад. Ва дар ивази ин шахси озодшуда ба ду мори сари китфи Заҳҳок димоғи қўчқоре мехўронид. Ва ин димоғро бо димоғи як нафари дигар, ки кушта мешуд, махлут мекард. Ва чун Фаридун Заҳҳокро гирифт, Измоилро ҳозир кард ва хост, ки ўро «подош бахшад». Измоил ашхосеро, ки аз қатл боздошта буд, Фаридунро хабардор кард. Ва як расул аз Фаридун хост, ки ба кўҳи Дамованд биравад, ки то ҳақиқати масъаларо ба Фаридун бирасонад. Ва чун Измоил ба кўҳи Дамованд расид, озодшудагонро амр кард, ки бар пушти бомҳои худ ҳар як оташе биафрўзанд, то шумораи эшон зиёд ба назар ояд. Ва ин воқеа дар шаби даҳуми баҳманмоҳ буд. Ва фиристодаи Фаридун гуфт: «Чи қадар хонаводаҳо, ки ту озод кардӣ! Фиристода аз он ҷо баргашту Фаридунро аз он чӣ дида буд, хабардор кард. Ва Фаридун аз шунидани ин воқеа хеле масрур шуд ва худи ў ба кўҳи Дамованд рафту озодшудагонро дид. Сипас Измоилро ҷузви наздикони худ гардонид. Ва Дамовандро тобеи ў кард ва ўро ба тахте зарин нишонид. Ва номашро Масмағон гузошт». (Берунӣ. Осурулбоқия. Душанбе: Ирфон, 1990, с.250-251).

Чунин устураҳо ва ривоятҳо дар бораи ин ё он воқеа ва ҳодисаи замони бостон, то рўзгори мо дар шаклҳои мухталиф расидааст. Ҳамаи ин устураҳоро баъдҳо ховаршиноси машҳури даниягӣ Артур Кристенсен мавриди омўзиш қарор медиҳад. Вай дар доираи таъкиди олимони шинохтае мисли В.Маннҳардт, Э.Вестермарк ва Е.Монгк ва Фрэзер доир ба масъалаи ҷашни оташ ва муқаддас донистани он изҳори назар менамояд. Ба гуфти эшон дар бораи ҷашни оташ дар байни пажўҳандагон солҳо ду ақида идома дошт. Яке ин буд, ки оташ тамоми неруи зиёноварро бо афсуну ҷоду месўзонад ва дигаре ин ки неруи бештар ба Хуршед мебахшад, яъне оташ тақлиде аз Хуршед аст. Баъдҳо Фрэзер бо далелҳои илмӣ собит менамояд, ки оташ тақлиде аз Хуршед будааст. А.Кристенсен вориди ин баҳсҳо шуда ишорат бар он менамояд, ки он ба кишварҳои аврупоӣ, ки дар он ҷо сармо бештар аст дуруст аст. Вале барои сарзаминҳое ба мисли Эрон, ки обу ҳавои муносиб ва тобистонҳои гарм доранд, ҳосили замин пеш аз ҳама ба Хуршед ва борон вобаста аст. Дар ин кишвар эҳсоси камбуди Хуршед нест. Аз ин рў дар ин кишвар неруи поксозии оташ эҳтимолан танҳо ангезаи ҷашни оташ аст. Ба гуфти Маннҳардт оташ василаи поксозии ибтидоӣ ва аз ин ҷиҳат муассиртар аз об аст. Ҷашни Сада чанд ҳафта пеш аз расидани баҳору наврўз аст, ки эронитаборон ба ин муносибат дар кўҳҳо марғзорҳо оташ меафрўзанд, то мазореъ ва чарогоҳҳоро барои тобистон пок созанд. Рўиши фаровони гиёҳҳо ва беҳрўзии одамиён ва ҳайвонотро таъмин намоянд. А.Кристенсен ба таври муфассал ҷашҳои оташеро, ки дар Эрони бостон будааст ва то имрўз нишонаҳои он дар байни мардум аст мавриди баррасӣ қарор дода, ба чунин натиҷа мерасад, ки ҷашнҳои гуногун вуҷуд дошта, яке ба дигар пайванд будааст (ниг.: Кристенсен А. Нахустин инсон ва нахустин шаҳриёр. Теҳрон, 1377, с.212-225).

Аммо дар ин ҷо боз ба андешаи устурашиноси номдор Меҳрдоди Баҳор бармегардем, ки эшон ба таври мушаххас назари худро дар мусоҳибаҳои худ гуфтааст. Ба гуфти эшон ҷашни Сада марбути зардуштиён нест, вале онҳо ҳоло таҷлил менамоянд. Муддате дини зардуштӣ ҷашни Меҳргон ва Наврўзро мепазирад, вале иди Садаро ки чун ҷодуӣ менигоштанд, вориди дин накарда буданд (ниг.: Баҳор М. Аз устура то таърих. Теҳрон, 1381, с.353).

Тавре ки дар аввал ёдовар шудем, ҷашни Сада ин вобаста ба Хуршед аст. Барои дуруст баён намудани матлаб ба як нуктаи дигар равшанӣ бояд андохт. Ин он аст, ки баъзеҳо Хуршед ва Меҳрро яке медонанд, ки ин тавр ҳам нест. Меҳр ё Митро (ба авестоӣ «Мисра», паҳлавӣ «Митр») маънои зиёд дорад. Аз ҷумла аҳд, паймон, муҳаббат, Хуршед, ҳафтумин моҳи сол, рўзи шонздаҳуми ҳар моҳи шамсӣ ва ғ. Меҳр фариштаи аҳду мисоқу фурўғ дар Эрони Бостон буд ва ўро фариштаи меҳру дўстию аҳду паймон ва мазҳари фурўғу рўшноӣ мепиндоштанд. Ба ақидаи Ёҳақӣ «Меҳр эзадест, дорои ҳазор чашм ва ду ҳазор гўш ва даҳ ҳазор посбон…» (Ниг.: Ёҳақӣ М. Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ / Таҳия ва шарҳу тавзеҳот ва талҳиқоти Р.Ваҳҳоб. Душанбе, 2014, с.319).

Дар солҳои охир пажўҳандагон бидуни андеша шаби ялдоро (шаби чилларо, 21-22 декабр), ки дарозтарин шаб аст, таваллуди Меҳр медонанд. Аз иттилои боло маълум шуд, ки Меҳр маъниҳои зиёд дорад. Пас фаромўш набояд кард, ки шаби чилла ё ялдо ин таваллуди фақат Хуршеди воқеӣ аст. Калиди дақиқ намудани ҷашни Сада низ дар ҳамин ҷост. Яъне шаби ялдо ин шаби таваллуди Хуршед аст, на Меҳр. Ба гуфти Меҳрдоди Баҳор ҷашни Сада ин чиллаи Хуршед аст.

М. Баҳор дар ин бора гуфтааст: «Ҷашни Садаро нигоҳ кунед, ки дар даҳуми баҳман (29-30 январ) аст. Хуршед бино ба эътиқодоти куҳан шаби дайҷури (торики) ваҳшатнок поёни озармоҳ ва аввали дай (21-22 декабр), байни поиз ва зимистон, баландтарин шаби сол аст, ки ин шаби зоида шудани Хуршед аст. Дар ин дарозтарин шаб, Хуршед саранҷом зода мешавад. Хуршеде, ки дар поёни поиз мурда буд, дар зимистон бача аст, дар баҳор навҷавон аст, дар авҷи тобистон дар авҷи қудрат аст. Дар поиз пир мешавад, дар поёни поиз мемирад ва Хуршеде, ки дубора аз аввали дай меояд як Хуршеди тоза аст, як навзод аст…» (Баҳор М. Аз устура то таърих. Теҳрон, 1381, с.304).

Дар Авесто бахши махсусе ба номи «Хуршед-яшт» аст, ки аз хондани он метавон бовар кард, ки Сада дар воқеъ ҷашни Хуршед аст ва онро бояд таҷлил намуд. Аз ҷумла дар Авесто омадааст: «Ҳангоме ки Хуршед барояд, замини аҳураофрида пок шавад; оби равон пок шавад; оби чашмасорон пок шавад; оби дарё пок шавад: оби истода пок шавад; офариниши Аша, ки они Спандменуст – пок шавад» (Авесто. Душанбе, 2000, с.233).

Меҳрдоди Баҳор, ки донишманди устурашиноси дақиқназар аст, дар асоси мутолиаи устураҳои ҷашнҳои оташи кишварҳои гуногуни олам ва осори устурашиносон ба чунин натиҷа расид, ки сада ин дар воқеъ ҷашни чиллаи Хуршед аст. Маҳз тавассути гулхани оташ, ки намоди Хуршед аст аз гузаштаҳои дур то имрўз ниёгони мо ин бузургтарин ва нодиртарин падидаи табииро бо эътиқод, афсуну ҷоду ҷашн мегирифтанд. Ин кўдаки хурдсолро, ки номаш Хуршед аст бо оташи Сада гарм мекарданд. М.Баҳор ин нуктаро ба таври зерини шарҳ додааст: «Бо ин оташбозиҳо, ки дар воқеъ ҷодуи гарм шудани Хуршед аст, ин бачаро ташвиқ ба рушд ва гарм шудан мекунем, ба ў энержӣ ва ёрӣ медиҳем, ки қавитар бишавад. Дар маросими марбут ба таваллуд то чиҳил рўз бачаро маъмулан дар хона нигоҳ медоранд ва ба касе нишон намедиҳанд. Дар рўзи чиҳилум аст, ки бачаро дигар ба ҳама нишон медиҳанд, аз хона берун мебаранд. Мо дар чиҳилум, аз аввали даймоҳ яъне даҳуми баҳман (29-30 январ) ҷашни Сада мегирем. Дар воқеъ Хуршед дар ин рўз чиҳилрўза шуда. Дар осори қадим, ба думи парандаҳо ҷорўи кўчаке мебастанд ва думи парандаҳоро оташ мезаданд ва ба ҳаво парвоз медоданд. Гўё ҳазорҳо Хуршед дар осмон мепарид дар шаб. Кўҳаи оташ дуруст мекарданд, ба гирдаш мерақсиданд. Ин кўҳаи оташ намоди Хуршед аст. Ин парандаҳое, ки дар фазо ҳастанд, хуршедаконе дар фазо ҳастанд, ки дар воқеъ ҷодуӣ оташ будааст. Ҷодуи гарм кардани Хуршед ба муносибати чиҳилумин рўзи таваллуди Хуршед. Хуршед мазҳари баркат барои инсон аст. Ҳаёти мо ба Хуршед вобаста аст. Пас куллияи ҷашнҳои хуршедӣ масъалаи баракатбахшро ба наҳве ба худаш дорад» (Баҳор М. Аз устура то таърих. Теҳрон, 1381, с.305).

Ҷашни Сада дар тўли таърих ташаккул ёфта, ба таълимоти мазҳабиву миллӣ пайванд гардида, байни халқ маҳбубият карда будааст. Дар замони Сомониён ин ҷашн роиҷ буда, пасон дар замони Ғазнавиён низ машҳур будааст. Султон Маҳмуди Ғазнавӣ низ ин ҷашнро бо шукўҳу шаҳомати хос таҷлил менамудааст. Доир ба он Абулфазли Байҳақӣ чунин маълумот овардааст: «Ва рўзи чаҳоршанбе ҳафтдаҳуми (моҳи) сафар пас аз бор хилвате кард, амир бо вазир ва соҳибдевонони рисолат ва авлиё ва ҳашам ва Хоҷа Ҳусайни Микоил низ он ҷо буд ва рой заданд дар маънии ҳаракат ва қарор гирифт бадон ки сўи Марв рафта ояд ва бар ин боз пароганданд. Ва Хоҷа Ҳусайни Вакил шуғл бисохт ва бистуми ин моҳ сўи Марв бирафт то мисол диҳад улуфот ба тамомӣ сохтан чунонки ҳеч бенавое набошад чун раияти Мансур он ҷо расад. Ва пас аз рафтани ў то се рўз амир фармуд то сарои парда бар роҳи Марв бизаданд бар се фарсангии лашкаргоҳ. Ва Сада наздик буд, уштурони султониро ва аз он ҳамаи лашкар ба саҳро бурданд ва газ кашидан гирифтанд то Сада карда ояд ва пас аз он ҳаракат карда ояд. Ва газ меоварданд ва дар саҳрое ки ҷўйи оби бузург буд бар он шараф (баландӣ, муртафеъ) меафганданд, то ба болои қалъате баромад. Ва чаҳортоқҳо бисохтанд аз чўби сахт баланд ва онро ба газ биёганданд. Ва гази дигар ки сахт бисёр буд, болои кўҳе баромад бузург. Ва аллаи (уқоби) бисёр ва кабўтар ва он чӣ расм аст аз дороти ин шаб ба даст карданд» (ниг.: Байҳақӣ, Муҳаммад Ҳусайн. Таърихи Байҳақӣ / Муқаддима, тасҳеҳ, таълиқот, тавзеҳот ва феҳрастҳо: Муҳаммад Ҷаъфар Ёҳақӣ, Меҳдии Саййидӣ. Ҷ.1. Теҳрон: Сухан, 1388, с.437-438.)

Тибқи ишорати Байҳақӣ дар он рўзгорон ҷашни Сада аз ҷониби ҳукумати замон бошукўҳ баргузор мешудааст. Аз ҷумла Байҳақӣ дар ин бора чунин ишорат намудааст: «Ва Сада фароз омад, нахуст шаб амир бар он лаби ҷўйи об, ки шароъйе зада буданд, биншаст ва надимон ва мутрибон биёмаданд ва оташ ба ҳезум заданд – ва пас аз он шунидам, ки қариби даҳ фарсанг фурўғи он оташ бидида буданд – ва кабўтарони нафтандуд бигзоштанд ва дадгон ба қорондуд ва оташ зада давидан гирифтанд ва чунон Садае буд, ки дигар он чунон надидам ва он ба хуррамӣ ба поён омад». (Байҳақӣ, с.438).

Аз худи ин ишораҳо маълум аст, ки ин ҷашнро мардум бо тарзи гуногун таҷлил намуда, шоҳон низ ба он ҳамроҳ шуда, дар базмгоҳҳо ва макони баргузории ҷашни Сада иштирок карда, шодию хурсандӣ мекардаанд ва ба ҳамдигар таманнои хушҳоливу хушсолиро орзу менамудаанд.

Тавре ки ховаршиноси машҳур Е.Э.Бертель дар як мақолаи худ таҳти уновни «Праздник джашн-и Саде в персидско-таджикой поэзии» (Э.Бертельс. Избранные труды. М., 1988, с.302-313) навиштааст, шоирони дарбори Ғазнавиён ҷашни садаро ситоиш намудаанд. Ба гуфти ў Унсурӣ дар қасидае ба таври муфассал аз ҷашни Сада ёдовар мешавад, онро ёдгор аз Фаридуну Ҷамшед медонад ва тарзи баргузор шудани онро ба таври зерин тасвир менамояд:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.

Замин имшаб гўӣ, кўҳи Тур аст,

К-аз ў нури таҷаллӣ ошкор аст.

Гар ин рўз аст, шаб хондаш набояд,

Ва гар шаб рўз шуд, хуш рўзгор аст.

Ҳамоно к-ин диёр андар биҳишт аст,

Ки бас пурнуру рўҳонӣ диёр аст,

Фалакро бо замин анбозие ҳаст,

Ки расми ҳар ду тан дар як шумор аст.

Гаҳе сарви баланд асту гаҳе боз,

Ақиқин гунбади зарриннигор аст.

Ар эдун гар ба сурати рўшан омад,

Чаро тиравашу ҳамранги қор аст.

Гар аз фасли замистон аст Баҳман,

Чаро имшаб ҷаҳон чун лолазор аст?

Ба лола монад он, лекин на лола аст,

Шарори оташи Намруду нор аст.

Ҳаме мар мавҷи дарёро бисўзад,

Бад-он монад, ки хашми шаҳриёр аст.

Аммо ҳамин Унсурӣ шояд таҳти таъсири дигарон қарор гирифтааст, ки дар қасидаи дигараш ҷашни Садаро сарзаниш менамояд. Баръакс сиёсати Маҳмудро дар муқоиса бо оташи сада баландтар донистааст:

Худойгоно, гуфтам, ки таҳният гўям,

Ба ҷашни деҳқоноин ба зинати баҳман.

Ки андар ў бифрўзанд мардумон маҷлис,

Ба гавҳаре, ки бувад сангу оҳанаш маъдан…

Чунин ки дидам оини ту қавитар буд,

Ба давлат андар з-оини Хусраву Баҳман.

Ту марди диниву ин расм расми габргон аст,

Раво надорӣ бар расми габргон рафтан.

Ҷаҳониён ба русусми ту таҳният гўянд,

Туро ба расми каён таҳният нагўям ман.

На оташ аст сада, балки оташ оташи туст,

Ки як забона ба тозӣ занад, яке Хутан.

Дар ин бора А.Абдуллоев чунин гуфтааст: «Унсури ҷашни садаро «расми габорон» номида, расми нави Маҳмудро, ки ба дини ислом асос ёфтааст, қавиву пурзўр ҳисобидааст. Вай ишора кардааст, ки бо расми шоҳони гузаштаи бостонӣ Маҳмудро таҳният нахоҳад гуфт, баръакс расми нави ў лоиқи таҳсину офарин аст; оташи сада дар назди оташи сиёсати Маҳмуд, ки як забонааш ба арабу дигараш ба Хутан аст, ҳеҷ аст. Унсурӣ барои дастгирии сиёсати Маҳмуд ошкоро садаро-ҷашнеро, ки пештар худаш тавсиф намудааст, нораво ҳисобидааст ва ба ҷояш расму суннати динии маҳмудиро тарғиб намудааст» (А.Абдуллоев. Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи аввали асри Х1. Душанбе, 1979, с.127).

Ҳар чанд дар ҳар давру замон зидди оинҳои бостонии ниёгони мо, ки пайвандагари инсон ва табиат мебошанд, шахсоне мубориза мебурданд ва мехсотанд, ки ин ҷашнҳои бостонӣ Наврўз, Меҳргон, Сада таҷлил нагардад, вале боз ҳам мардум онҳоро аз ҳама балоҳо наҷот дода, то рўзгори мо оварданд.

Хушбахтона, Сада дар ашъори шоирони дигари садаи ёздаҳ зиёд тавсиф шудааст. Онҳо Садаро ситоиш намуда, дар бораи ин ҷашн ва арзиши он назари хешро ифода намудаанд. Аз ҳама муҳим дар адабиёти садаи ёздаҳ ҷашни Сада, махсусан дар шеър, ба сифати талмеҳ корбарӣ шуда, ҳамчун як ҷузъи устураи мансухӣ ҳифз шудааст, ки аз бузургии ин ҷашн ва қадимияти он далолат мекунад. Чунончи Фаррухӣ мегўяд:

Равшанӣ дар осмон з-ин оташи ҷашни Садаст,

К-аз сарои хоҷа бо гардун ҳаме ҳамсар шавад.

Ба ин маънӣ дар байти дигар аз Сада ҳамчун талмеҳи мансухӣ истифода карда, чи гуна дар шаб оташ афрўхтан ва тавассути он аз ҳама кирдорҳои зишт тоза шуданро ёд намуда, тавассути хотираи таърихӣ аз ин ҷашни ниёкон ёд мекунад ва мегўяд:

Шаби Сада аст яке оташи баландафрўз,

Ҳақ аст мар садаро бар ту ҳақ он бигзор.

Дар ин бора Манучеҳрӣ низ изҳори назар карда, ба тариқи руҷўъ аз ҷашни Сада ёд мекунад ва хеле самимона аз омадани ҷашни Сада дарак медиҳад:

Омад ай саид аҳрори шаб ҷашни Сада,

Шаби ҷашни Садаро ҳурмат бисёр бувад.

Манучеҳрӣ дар назди амир ҷашни Садаро ситоиш намуда, «ойини Каюмарс ва Сифандиёр» гуфтааст:

Чашни Сада амиро расми кибор бошад,

Ин ойини Каюмарс ва-Сифандиёр бошад.

Дар бораи он ки то омадани Наврўз панҷоҳ рўз аст ва аз ин пеш ҷашни Сада аст, Манучеҳри ишораи ниҳоят латиф дошта, аз таърихи пайдоиши Сада чунин маълумот додааст:

Ва инак  биёмада аст ба панҷоҳ рўз пеш,

Ҷашни Сада тилояи наврўзи навбаҳор.

Шоирони пасин низ аз ин талмеҳи мансухии ҷашни Сада фаровон истифода карда, бори дигар ишора менамоянд, ки ин ҷашн дар миёни халқ ҷойгоҳи хос дошт ва боиси ифтихори аҳли адаб низ мебошад. Масалан, Манучеҳрӣ дар як қитъаи худ дар бораи ҷашни Сада гуфтааст:

Омад, эй сайиди аҳрор шаби ҷашни Сада,

Шаби ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад.

Барафрўз Оташбарзин, ки дар ин фасл басо,

Озарибарзин пайғамбари озор бувад.

Оташе бояд чунон, ки фурўзад аламаш,

Бартар аз доираи гунбади даввор бувад.

Чун зи гардун бар ин силсилаи зарандуд,

Қурси хуршед фурў хуфта нагунсор бувад.

Оташу дуд чу дунболи яке товус,

Ки барандўда ба тарфи думи ў кор бувад.

В-он шараф, гўӣ, товус ба гирди думи хеш,

Лўълўе хурд фитолида ба минқор бувад.

Чун яке хаймаи марҷон зи бараш нофаи мушк,

Ки суманбарг бар он нофаи аттор бувад.

Ё чу зарин шаҷаре даршуда атрофи шаҷар,

Ки бар ў бар шамар аз лўълўи шаҳвор бувад.

Боғбон ин шаҷар аз ҷой биҷунбонад сахт,

То фурў барад боре, ки бар ашҷор бувад.

Май хўр, эй сайиди аҳрор, бар ин ҷашни сада

Бода хўрдан, бале, аз одати аҳрор бувад.

(Манучеҳрӣ. Мунтахабот / Ҷобул Додалишев. Душанбе: Дониш, 1974 ,с.73)

Дар ин қитъа Манучеҳрӣ доир ба сифати ҷашни Сада эътибор дода, баргузории онро дар замонаш хеле хуб тасвир кардааст ва ин бори дигар далолат аз он мекунад, ки ҷашни Сада маҳсули тахайюли гузаштагони мо ҳаст ва асрҳо идома ёфта, дар миёни мардум маҳбубияти махсус доштааст.

Дар ғазали Хоқонӣ талмеҳи сада оҳанги ғиноӣ гирифта, ба ҳолати руҳии ошиқ пайваст шудааст ва эҳсои ҳолати вай бо ин таъбир самимӣ ифода гардидааст:

Он шаб ки шаби Сада буд дар кўят,

Оташи дили ман боду чалипо мўят. (Хоқонӣ).

Садаро ниёгони пешазориёии тоҷикон ва ҷашн мегирифтанд. Баъдҳо он вориди зиндагии қавмҳои гуногуни ориёӣ ҳам эрониён ва ҳам тўрониён гардид. Аз сабаби он ки барои зардуштиён Хуршед, оташ, рўшноӣ муқаддас буд, Сада вориди рўзгори онҳо шуд. Бояд ёдовар шуд, ки ҷашни Сада имрўзҳо низ дар байни зардуштиёни Эрон ва кишварҳои гуногуни ҷаҳон фаромўш нашудааст. Тавре ки пажўҳандагон аз ҷумла Содиқи Ҳидоят ишора намудааст, дар замони  шоҳ, бо номи «садасўзӣ» дар Кирмон ҷашни муфассале баргузор мешавад. Ба гуфти эшон дар Кирмон панҷоҳ рўз пеш аз Наврўз хирвори бутта ва ҳезумро дар маҳалли Боғчабудоғобод гирд меоварданд. Дар ин ҳамоиш мубади мубадон, аъёни шаҳр ва ҳатто меҳмонони хориҷӣ даъват мешуданд. Дар хони ин маҳфил шароб, ширинӣ ва меваҳо сида мешуд. Дар аввали ғуруби офтоб ду нафар мубад оташро меафрўзад ва сурди махсус мехонд. Ҳангоме ки оташ шўъла мезад ҳама меҳмонон, ки беш чанд ҳазор нафар мешаванд бо фарёдҳои шодӣ даври оташ мегарданд ва ин таронаро мехонанд:

Сади саде, сӣ бе гале,

Панҷоҳ ба Наврўз ҳо бале. (С.Ҳидоят. Фарҳанги омиёнаи мардуми Эрон. 1379, с.120-121).

Баъдҳо низ ин ҷашн идома ёфта, то аввали садаи ХХ ҷойгоҳи хос доштааст. Вале дар давоми қариб як аср агар он ба таври расмӣ ҳамчун оини хурофотӣ эълон шуда бошад ҳам, он аз хотираи мардум берун нарафта, дар музофот ва ҷойҳои алоҳида ҳамчун ҷузъи маросими мардумӣ шинохта мешуд ва таҷлил мегардид. Нишонаҳои эҳтиром ба оташ ва боварҳое ба ҷашни Сада дар миёни мардум зинда буданд ва бо шаклҳои гуногун муаррифӣ мешуданд, ки қисме аз он дар рўзгори мардуми мо дар шакли нақлҳои устураӣ, боварҳо ба оташ, алавгардонӣ, мақолу зарбулмасал, таъбир ва оини халқӣ пойбарҷост. Масалан, чанде пеш агар оташи оташдони хонаводае хомўш шавад, ин фоли бад буд. То имрўз дар миёни мардуми тоҷик нишонаҳое аз муқддас будани оташ дар шакли таъбир ва мақол боқӣ мондааст. Чунончи: «Алави хонаат хомўш нашавад», «Худоё, чироғи хонаат ҳамеша даргирон бошад» (фарзандталабӣ, ба хусус барои писар), «Худоё, ҳич кас бечироғ нашавад» (беписар набошад), «Вай бечора бечироғ аст» (беписар аст), «Чунон бачаи зўр буд, ки алав барин дар мегирифт», «Бачаи фалонӣ чун оташ аст», «Алав барин гарде!» (мисли оташ боше!) ва амсоли ин.

Ҳамчунон ба сифати қасам дар байни халқ таъбирҳои зиёд роиҷ аст, ки ба оини оташ ва ҷашни Сада мансубият доранд. Масалан, «Алав занад, ки…», «Ба оташ сўзам ки…», «Агар ҳамин кора ман карда бошам, илоҳӣ мисли чўб дар оташ дар гирам…». Ҳатто чунин нафрин мекунанд: «Илоҳӣ, бечироғ шав!» (беписар шав). Яъне оташ ҳамон рамзи ҷодуву афсунии худро низ то имрўз аз даст надодааст. Ҳатто ҳангоми баъзе бемориҳо алавгардон мекунанд, то ки неруҳои зараровар аз бадани бемор берун равад.

Ҳоло ҳам ҳангоми ҷашни арўсӣ дар Бухоро, Самарқанд, Бадахшон, Хатлон, ноҳияҳои Суғд ва баъзе ҷойҳои водии Ҳисор арўсро аз гирди оташ гирд гардондан, шамъ равшан намудан ва ё дар байни тамоми тоҷикон пас аз марг се рўз чароғи хонаро хомўш накардан ба назар мерасанд, ки онҳо аз оини гузаштаи мо сарчашма гирифтаанд.

То солҳои 70 садаи ХХ дар баъзе деҳоти кўҳистони Тоҷкистон ва дар байни тоҷикони Осиёи Миёна мушоҳида мешуд, ки дар айни авҷи зимистон, барои нек омадани соли оянда ва зуд расидани баҳор, гурўҳе аз одамон ба дашту саҳро, ё дар байни боғи худ, хору хасу буттаву чўбҳои хушки дархатонро ҷамъ оварда оташ афрўхта шодмонӣ менамуданд. Наврасону ҷавонон дар гирди ин оташ бозиву шўхӣ ва ҳунарнамоӣ менамуданд. Ин ҳамон нишонаи ҷашни Сада аст, ки мардум нишонаи онро, бо эътиқод ба гузашта, то замони мо овардаанд.

Чанд даҳсола пеш тўи хатна бештар дар фасли зимистон баргузор мешуд. Шахсони доро дар тўи хатнаи писари худ ҳатман мусобиқаи гўштин ва бузкаширо барпо менамуданд. Дар майдони гўштин ва бузкашӣ, пеш аз оғози он, ба харҳо ҳезум бор карда мебурданду аввал гулхане афрўхта, чанд лаҳза дар гирди он хурсандӣ мекарданд, баъд мусобиқаро оғоз менамуданд. Мо мушоҳида кардаем, то он даме, ки гулхан наафрўзанд, пирмардони суннтагорои таҷрибакор ба шурўъи мусобиқа иҷозат намедоданд. Ин оин ҳоло ҳам дар зеҳни пирамардоне боқӣ мондааст, ки ин ҳам ҳамон нишонае аз ҷашни Сада аст.

Аз ин ишораҳо маълум мешавад, ки дар хотираи фарҳанги халқи тоҷик ҷашни Сада мақоме мисли ҷашнҳои Наврўз ва Меҳргон дорад ва месазад, ки он дар сатҳи ҷумҳурӣ таҷлил карда шавад.

Хуб мешуд, ки дар вақти маросими ҷашни Сада суннатҳои ин ҷашни мардумӣ риоя карда шаванд, ки қисме аз онҳо ба замони мо низ мувофиқ меоянд. Аз ҷумла, мардум метавонанд дар ҳамин рўз, ба хотири ҷашни Сада бо ҳам биёянд, базм кунанд, хурсандӣ карда, дар боғҳои истироҳатӣ чорабиниҳои фарҳангӣ ташкил намоянд. Инчунин намоиши фурўши ниҳолу дарахтон ва гулу гулбутаҳоро ташкил карда, мардумро ба дарахтшинонӣ ва гулшинонӣ даъват намоянд. Ба калонсолон, пиронсолон, ятимону барҷомондагон кумак расонида, ба аёдати беморон бароянд ва онҳоро дилбардорӣ кунанд. Дастархони хоксоронаи идона оро дода, дар он меваҷот гузоранд ва шукрона аз сулҳу субот намоянд. Ба хонаи ҳамсоягони худ ба қадри имкони худ ҳадя фиристанд, агар он ниҳол ва ё дархт бошад, боз беҳтар. Дар назди ҳавлӣ ва хонаҳои худ дарахту гул шинонанд, ба тоза кардани дарахтон машғул шаванд, боғҳои худро тоза намоянд, рамзан гулхан гиронда, ҳамаи кудуратҳо, ифлосиҳо ва партовҳоро сўзонанд ва ҷўйю заҳбурҳоро тоза карда, дар қади роҳҳо дарахт шинонад. Бо ҳамдигар бо меҳр салом диҳанд, хурдсолон ва наврасонро ба меҳнат кардан ҷалб намоянд ва аз ҳавлӣ ва хонаҳо чизҳои нодаркор, партовҳоро берун карда, ба тоза кардани онҳо машғул шаванд. Бегоҳ либоси тоза ба бар карда, зиёфати хонаводагӣ ва ё суфраи ҷашни Сада оро диҳанд. Хуб мешуд, ки дар ин суфра падару модар, хоҳару бародар, хешу таборони наздик ба ҳам ҷамъ оянд, аввал дар боби дўстию рафоқат, одаму одамгарӣ, хайру саховат, эҳтироми якдигар суҳбат ороста, зиёфат хўрда, хурсандӣ ва базму бозӣ намоянд. Якдигарро табрик карданро фаромўш накунанд. Аз меваҳои барои зимистон нигоҳдошта ширинӣ ва шарбат тайёр карда, дар хони идона гузоранд, боз беҳтар.

Ин иддае аз суннатҳои ҷашни Сада мебошанд, ки ниёкони мо онҳоро иҷро мекарданд ва хушиву хурсандӣ намуда, ҷашни Садаро таҷлил мекарданд ва барои омадани Наврўз орзую ниятҳои худро ифода менамуданд.

Метавон ёдовар шуд, ки имрўзҳо дар кишварҳои гуногуни олам, дар он шаҳрҳое, ки тоҷикон ва форисазбонон, курдҳо, паштунҳо, баллучҳо ва дигар мардуми эронитабор зиндагонӣ менамоянд Садаро ҷашн мегиранд. Дар тарбхонаҳо ба ифтихори Ҷашни Сада базми ҷамшедӣ барпо менамоянд.

Вобаста ба ин Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми таҷлили ҷашни Меҳргон таъкид намуда буданд, ки: «Ҷашн танҳо ба хотири ҷашн нест ва таҷлили ҳар санаи муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда таҳрик созад».

Ҳоло аз баракати Истиқлолияти кишвари азизамон ҷашни Сада эҳё гардид. Акнун ҳамон шукуҳи бостонии онро бояд барқарор кард. Дар оянда баробари фурў рафтани офтоб гулхани азиме афрўхта шавад. Дар гирди ин гулхан корвони шодмонии Сада барпо шавад. Доирадастон, сурнайнавозон, карнайнавозон, ҳунармандон, масхарабозон, дорбозон, аскиячиҳо, раққосон, аспакбозҳо, паҳлавонон, ҳар касе, ки ҳунаре барои намоиш додан дорад, ҳамроҳ гардад.

Дар ҷашни Сада низ созҳои миллӣ, навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, маҳорати пазандагони моҳир, навъҳои таомҳои суннатӣ, порчаҳои атласу адрасбофӣ, зардўзӣ, гулдўзӣ, қолинбофӣ, заргарӣ, либосҳои миллии зимистонӣ, намоиши расму оинҳои мардумӣ, рақсу сурудҳо ба маърази тамошо гузошта шавад. То бо ин шодмонию хурсандӣ зимистони сарди афсунгарро гусел намуда, барои бештар ҷаҳонро мунаввар намудани Хуршеди баҳорофар мадад намоем.

Хуб мешуд, ки дар гирди ҷашни Сада арўсакҳое чун рамзи Хуршеди тобон таҳия гардад; рамзи бобои деҳқон, ки интизори баҳору Наврўз аст, намоиш дода шавад. Ҳангоми ҷашни Сада ҳамчун рамзи зимистони сарду ҷодугар тимсоли пиразани аҷуза сохта, бо чеҳраи масхараомези хандадор барои тамошобинон пешкаш гардад.

Садаро бояд чунин пешвоз гирифт, ки мардум гўё ҳама ба истиқболи Хуршеди оламтоб мераванд. Тибқи суннати ниёгон даст ба Хуршед бурда ниёиш карда, дар ин рўзҳои сардии ҷодуовар, аз ин оташи гарми наврўзовар барои беҳбуд шудани рўзгори ояндаи бахтовар мадагор шаванд.

Умед дорем, ки ҷашни Сада низ ба сифати як ҷашни миллию мардумӣ на танҳо барои дилхушиву зиёфат баргузор мешавад, балки мадагори кишоварзон шуда, барои рушди боғдориву токпарварӣ, гулкорию гулпарварӣ, чорводорию зироаткорӣ ва дар маҷмўъ ободкорӣ мусоидат менамояд ва минбаъд боз ҳам густариш меёбад. Дар ҳақиқат ҷашни Сада, ба мисли ҷашни Меҳргону Наврўз ҷашни кишоварзон мебошад, ки тамоми қишрҳои ҷомеа аз он дастгирӣ менамоянд ва маросимҳои онро риоя карда, аз баргузориаш изҳори шодмонӣ месозад.

Ҳамчунин бо умеду орзуҳои нек ёдовар мешавем, ки минбаъд суннатҳои ин ҷашн ба таври васеъ омўхта шуда, таҷлили он дар сарорсаи мамлакат ба ҳукми анъана медарояд ва тамоми сокинони кишвар онро дар руҳияи баланди арҷгузорӣ ба мероси маънавии халқ таҷлил менамоянд. Ин тадбир имкон медиҳад, ки боз ҳам ҳуввияти миллӣ қавитар гардад ва насли имрўза аз анъанаҳои ниёкони худ бештар бархурдор шаванд.

Ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни Сада – ҷашни Хуршед муборак бошад!

 

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,

академики Академияи илмҳои

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

 

Равшан РАҲМОНӢ,

профессори ДМТ

 

Январь 28, 2017 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд