Маҳз Ваҳдати миллӣ — рукни асосӣ ва муҳим давлати тозаистиқлоли тоҷиконро таҳким бахшид

Июнь 26, 2025 10:43

ДУШАНБЕ, 26.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Воқеияти таърихии замони соҳибистиқлолии ватани азизамон собит намуд, ки дар ҷодаи ҳастӣ, инкишоф ва бақои миллату давлати миллӣ падидаҳои муқаддасе чун андешаи фаромиллӣ, худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ рукни асосӣ ва муҳим ба ҳисоб мераванд. Ба ибораи дигар, иттиҳоду ҳамбастагии мардум заминаест, ки шоҳсутуни кохи ҳастии давлату миллат рӯи он меистад. Ин андеша дар таҳлили воқеии коршиносону тадқиқотчиёни соҳа собит гардидааст.

Расидан ба рӯзи созгори умумимиллӣ ва ваҳдат дар таърихи 27 июни соли 1997 ҳодисаи сарнавиштсозест, ки аз вартаи яъсу ноумедӣ раҳо ёфтани давлату миллатро башорат дода, ормонҳои миллати парешонгаштаи тоҷикро ҷиҳати бо ҳам омадан ва обод сохтани меҳани аҷдодӣ зинда гардонид. Ба ин минвол, ба тасвиб расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардиши куллиро маншаъ бахшида, марҳилаи сифатан наву умедворкунандаи инкишофи таърихии миллати тоҷик ва давлатдории миллии онро ибтидо гузошт.

Ҳар вақте ки доир ба падидаҳои суботи фаромиллӣ, ваҳдат ва андешаи умумимиллӣ ҳамчун арзишҳои зарурии ҳастии миллат мулоҳиза меронем, аз корнамоии шахсиятҳое, ки бо баҳои ҷони худ дар заминагузорӣ, эҳё ва таҳкимбахшидани ин падидаҳои муқаддас анҷом додадаанд, ҳарф задан ба мақсад мувофиқ аст.

Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, шахсияти Эмомалӣ Раҳмон – фарзанди сарсупурдаи миллатро ҳамчун Роҳбари сиёсии давлати навистиқлоли дар вартаи нобудиқарордошта муарифӣ намуд.

Дар ин Иҷлосияи тақдирсоз, рӯи саҳнаи сиёсат ба ҳайси Роҳбари давлат қадам гузоштани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имконияти аввалинро барои расидан ба иттифоқу ҳамбастагӣ ба вуҷуд овард.

Дар вазъияте, ки на ҳар шахс тавони ба фардо умед бастанро дошт, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фардо, ба ояндаи дуру устувори ин миллати таърихофар ва ин меҳани ниёгонӣ сидқан итминон дошта, таъкид менамуд, ки: «ман ба ояндаи неки ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам». Бояд тазаккур дод, ки воқеияти таърихӣ самимию қатъӣ будани ин муроҷиатро собит намуд.

Имрӯз дар ҷаҳони пуртазоди сиёсӣ таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун роҳи ҳалли самараноки муноқишаҳои сиёсӣ ва ваҳдатофарӣ эътироф гардида, ба ин васила миллати тоҷик ҳамчун миллати сулҳофару таърихсози фарҳангсолор шинохта шудааст. Формулаи сулҳи тоҷикон, ки бо саъю талошҳои пайгирона ва заҳматҳои беназири абармарди шинохтаи сиёсати ҷаҳонӣ ва фарзанди содиқи миллт муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, дар ҷаҳони муосир ҳамчун амалияи нодир ва мактаби сазовари тадқиқу омӯзиш эътироф гардидааст. Модели сулҳофарии тоҷикон ҳамчун усули самараноки ҳалли муноқишаи мусаллаҳона, низоҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва мазҳабӣ дар як зумра институтҳои илмӣ ва тадқиқотии байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳидаи дигар мавриди омӯзишу тадқиқ қарор дода мешавад.

Бо таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон, аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили мамлакат ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт. Он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт».

Хулоса, ваҳдати миллӣ ҳамчун арзиши муҳиму зарурии ҷомеаи муосир дар таҳкими суботу осоиштагии ҷомеаи мамлакат, ки василаи заминавии пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаётии мамлакат ба ҳисоб меравад, нақши калидӣ дорад.

Тоҷиддин САНГОВ,
Ёрдамчии судяи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 26, 2025 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Беморони гирифтори диабети қанд дар як шабонарӯз бояд 5-6 маротиба хӯрок истеъмол намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии баҳрҳоро таҷлил менамояд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ