Эълони 150 рӯзи ободониву сабзкорӣ дар ноҳияи Спитамен
СПИТАМЕН, 24.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд тибқи қарори раиси ноҳия Акрам Сулаймонзода баҳри истиқболи сазовори ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси ҷамоату деҳоти ноҳия 150 рӯзи ободонӣ эълон гардид.
Тавре ба АМИТ Ховар аз шуъбаи ташкилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, ҳадаф аз эълони иқдоми мазкур тақвият бахшидан ба корҳои ободонӣ, аз ҷумла сабзкориву гулшинонӣ ва дарахтшинонӣ ва ба ин васила тозаву озода намудани кӯчаву маҳаллаҳои ноҳия мебошад.
Дар доираи назорати ҷараёни иҷрои корҳои дарахтшинонӣ, сабзкорию гулшинонӣ ва ободонӣ таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳия ситоди ноҳиявӣ таъсис дода шуда, масъулини соҳаҳои кишоварзӣ, бахши ҳифзи муҳити зист, КФД «Хоҷагию манзилию коммуналӣ» ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бояд зимни корҳои дарахтшинонию сабзкорӣ ба интихоби дарахту буттаҳо ва гулҳои маҳаллӣ афзалият дода, зимни иҷрои кор ба қоидаҳои агротехникӣ аҳамият диҳанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






