Фарҳод Раҳимӣ: «Олимони тоҷик ба медалу ифтихорномаҳои ватаниву байналмилалӣ ноил гардиданд»
ДУШАНБЕ, 12.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишасти матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Фарҳод Раҳимӣ, президенти АИҶТ иброз дошт, ки: «Дар соли 2016 академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода барои саҳми арзанда дар ташаккули конститутсионализм дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар асоси пешниҳоди Шўрои Конститутсионии Ҷумҳурии Қазоқистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Н.А.Назарбоев ба муносибати 20-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Қазоқистон бо медали ҷашнии «20-солагии Конститутсияи Қазоқистон» сарфароз гардонида шуд».
«Академики АИ ҶТ, доктори илми химия Ҳайдар Сафиев барои силсилаи мақолаҳои илмӣ дар мавзўи «Асосҳои физикӣ-химиявии коркарди ашёи хоми гилхокдори маҳаллӣ ва партовҳои истеҳсолот» соҳиби Ҷоизаи АИ ҶТ ба номи С.У.Умаров дар соҳаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ, академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ Ақназаров Оғоназар барои силсилаи корҳо дар мавзўи «Омўзиши таъсири нурҳои ултрабунафш ба расиш ва ҳосилнокии растаниҳои баландкўҳи Помир» ва номзари илмҳои биологӣ Замониддин Хабиров барои силсилаи корҳо дар мавзўи «Хомўшакҳои хунмаки Тоҷикистон (Diptera, Ceratopodonigae)» соҳиби Ҷоизаи АИ ҶТ ба номи Е.Н.Павловский дар соҳаи илмҳои биология, тиб ва кишоварзӣ гардиданд»,- зикр кард номбурда.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






