Фарогирии 100 нафар маорифчиён ба истироҳату табобати ройгон
ДУШАНБЕ, 19.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Соли сеюм аст, ки бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар таътили тобистона ва зимистона омӯзгорони пешқадаму ботаҷриба ва собиқадорони соҳаи маорифи шаҳру нохияҳои вилоят бо истироҳат ва табобати ройгон фаро гирифта мешаванд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
16 январ марҳилаи аввали табобату истироҳати маорифчиён дар КВД «Осоишгоҳи шифо»-и шаҳри Гулистон бо фарогирии 57 нафар кормандони соҳаи маориф оғоз ёфт. Тибқи нақша 23 январ боз 43 нафар омӯзгорону собиқадорон бо истироҳат ва табобати ройгон фаро гирифта мешаванд.
Айни замон дар осоишгоҳ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон 20 нафар омӯзгорон таътили зимистонаи худро гузаронида истодаанд.
Ин иқдомҳои шоиста боиси қаноатмандию сарфарозии маорифчиён гардида, онҳо тасмим гирифтаанд ба ин ғамхориҳо бо меҳнати фидокорона ҷавоб гӯянд.








Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






