Фурудгоҳи Душанбе дар як сол ба беш аз 1 миллион мусофир хизмат расонид
ДУШАНБЕ, 21.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар соли 2016 ба беш аз 1 миллион мусофир хизмат расонид, ки аз ин шумора 605 ҳазор мусофир аз Тоҷикистон берун рафта, 551 ҳазор нафар ворид гаштаанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 12 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур (Turkish Airlines, Kam Air, China Southern Airlines, Flydubai Iran Aseman Airlines), 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Сибир, Ют Эйр, Урал, Авиатрафик — Қирғизистон, Эйр Астана — Қазокистон) ва 2 ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» амалӣ мешаванд.
Аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймоҳо ба 12 шаҳрҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Исломии Эрон парвоз мекунанд. Миқдори хатсайрҳои доимии ширкатҳои ҳавопаймоии мазкур дар як рўз 12 ададро ташкил медиҳад.
Музди меҳнати миёнаи кормандони ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар соли гузашта 2779 сомониро ташкил дода, шумораи миёнаи ҳайат 1305 нафар мебошад. Аз он 305 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






