«Гӯшвори сурх», «Ба асирони хурофот» — шарҳи матбуот

Январь 19, 2017 18:16

ДУШАНБЕ, 19.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» (16.01.2017,№10) Муроҷиатномаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мардуми кишвар дарҷ кардааст, ки дар он, аз ҷумла омадааст: «Бо мақсади беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, таъмини фаъолияти самараноки корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аз 14 январи соли 2017 сар карда, маҳдудияти барқ пурра бардошта мешавад, яъне аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар тамоми қаламрави кишвар бисту чор соат бо барқ таъмин карда мешаванд». Мақолаи «Бартанг. Як сол пас аз заминларза» аз корҳои бунёдкорию созандагӣ дар водии Бартанг, сохтмони бинои нави мактаб-интернати давлатии Сипонҷ, навсозии НБО-и хурди деҳаи Савноб нақл мекунад.  Мақолаи «Тафаккури миллӣ, набояд бетараф бошем!» дар партави Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ навишта шудааст. Ҳамчунин дар ин шумораи нашрия аз нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи дуюми соли 2017 хабарҳои муфассал чоп шудаанд.

Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (17.01.2017, №11-12), ки дар 8 саҳифа чоп шудааст, мақолаи Махфират Хидирзода бо сарлавҳаи «Паём, муждае аз рушди неруи инсонӣ» ба хонандагон пешниҳод шудааст. Муаллиф навиштааст: «Савод ва дараҷаи маърифатнокӣ аз ченакҳои муҳим дар самти рушди неруи инсонӣ маҳсуб меёбанд. Аз ин рӯ, ба таҳсили сартосарӣ фаро гирифтани кӯдакони синни мактабӣ яке аз ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумат ба ҳисоб меравад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки рушди инфрасохтори соҳаи маориф, беҳтар гардидани заминаи моддию техникӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ, баланд шудани маърифатноки аҳолӣ, мубориза бо ақидаҳои хурофотӣ имкон фароҳам овардаанд, то масъалаи аз таҳсил дур мондани хонандагон, бавижа, духтарон марҳала ба марҳала ҳалли худро ёбад».

Дар саҳифаи 1 «Ҷумҳурият» (18.01.2017, №13) хабари муфассал аз мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер чоп шудааст. Мавриди зикр аст, ки дар мулоқот ҷиҳати идомаи бобарори ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи КАСА-1000, таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак ва дарёфти маблағҳои иловагӣ дар татбиқи лоиҳаи мазкур, ҳамзамон рушди нақлиёт ва инфрасохтори роҳ мулоҳизаҳои судманд баён гардидаанд.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» (18.01.2017, №5) мақолаи Мирзо Исмоилзодаро бо сарлавҳаи «Паём даъват ба сӯи саодат аст» чоп кардааст. Ҳамчунин нашрия мақолаи муаллифон Абдуфаттоҳ Шарифзода, Самариддини Айниддин, Субҳиддин Шамсиддинзодаро бо сарлавҳаи «Соли қадамҳои устувор ба сӯи ояндаи босаодат» нашр кардааст. Мақолаи мазкур муҳтавои сиёсати Пешвои миллатро дар соли 2016 ба таври муфассал инъикос карда, аз дастовардҳои Ҳукумати мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ва ободкорию созандагиҳо дар дохили кишвар нақл мекунад.

Минбари эҷодкорони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» дар саҳифаи назм шеърҳои «Гӯшвори сурх»-и Шариф Раҳмон ва «Ба асирони хурофот»-и Фирдавси Аъзамро ба дӯстдорони шеър тақдим карда, дар саҳифаи пажӯҳиш мақолаи Муҳриддин Сабуриро бо сарлавҳаи «Лоладоғҳои шукуфта» дарҷ намудааст.

 «Минбари халқ» — нашрияи марказии ҲХДТ оид ба сафари ҳайати бонуфуз аз мақомоти ҳизбию ҳукуматии Ҷумҳурии Халқии Хитой таҳти роҳбарии муовини Котиби генералии Кумитаи доимии Умумихитоии намояндагони мардумӣ Шен Чуняно ба Тоҷикистон гузориши муфассал нашр кардааст. Нашрия ҳамчунин раиси КИ ҲХДТ Аҳмадҷон Ализодаро бо сарлавҳаи «Барномаи амал» чоп кардааст. Муаллиф навиштааст: «Бо дастуру ҳидоят ва ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вилояти Хатлон тадриҷан рушд ёфта, ба минтақаи саноативу аграрӣ табдил ёфта истодааст, ки дар он садҳо корхонаҳои бузургу гуногунҷабҳаи саноатӣ, роҳу пулу нақбҳои замонавӣ, неругоҳҳои азим, миёна ва хурди барқӣ  ба истифода дода шудаанд».

Ҳамчунин нашрия мақолаҳои «Бо лаҳҷа сухан нагӯем», «Набояд фирефта шуд», «Дарахтон муъҷизаи табиатанд», «Таваҷҷуҳи сайёҳон ба Тоҷикистон меафзояд» ва хабарҳо аз нишастҳои матбуотии вазорату кумитаҳоро пешкаши хонандагон кардааст.

Январь 19, 2017 18:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Миср бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Рӯзи Парчами давлатиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе чангу ғубор ба амал меояд
ШУКУҲИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
Парчами давлатӣ симои Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддун дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Рӯдакӣ нақшаи ҷамъоварии пахта 101 фоиз иҷро гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
«ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН-РАМЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Институти астрофизика дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Бастаҳои интернетии «Одӣ»: осон, мувофиқ, муфид