Х. Ибодзода: «Соли 2016 беш аз 18 ҳазор санҷишҳои комплексӣ, соҳавӣ ва фаврӣ гузаронида шуданд»

Январь 17, 2017 15:19

ДУШАНБЕ, 17.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишасти матбуотии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад. «Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди назорати давлатӣ дар самти ҳифзи муҳити зист мебошад. Дар соли 2016 аз ҷониби нозирони Кумита 18377 санҷиши комплексӣ, соҳавӣ ва фаврӣ гузаронда шуд»,- зикр кард Хайрулло Ибодзода, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ.
«Дар натиҷаи санҷишҳо ба субъектҳои фаъолияти хоҷагидор барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист 30 ҳазору 902 адад пешниҳодҳои иҷрояшон ҳатмӣ дода шуданд. Барои риоя накардани меъёру стандартҳои экологӣ ва вайрон намудани талаботи қонунгузории соҳавӣ нисбат ба 10705 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тадбирҳои дахлдор андешида шуданд»,-гуфт Хайрулло Ибодзода.
«Санҷишҳо ба кам кардани партовҳо ба ҳавои атмосфера, ба тартиб даровардани партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, барқарорсозӣ ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ мусоидат намуда, риоя ва амалӣ гаштани қонунгузориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист таъмин менамояд»,-зикр шуд зимни нишасти матбуотӣ.

Январь 17, 2017 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд