Хатлон: Маъракаи ниҳолшинонӣ дар майдонҳои «Аскари номаълум» ва «Оташи абадӣ»
ҚӮРҒОНТЕППА, 24.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди майдони теппаи «Қӯрғон»-и вилояти Хатлон барои дастгирии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 ҳамоиш доир гардид. Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, пеш аз ҳамоиш роҳпаймоии иштирокчиёни ҳамоиш аз чор нуқтаи муайяншуда ба самти майдони теппаи «Қӯрғон» доир гардид.
Дар ҳамоиш ҷиҳати дастгирии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 муовини якуми раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зикр кард, ки сокинони вилояти Хатлон, бахусус ҷавонон ташаббуси нави Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро оид ба Даҳсолаи «Об барои рушди устувор» дастгирӣ менамоянд. Дар партави ин даҳсола ҷавонон ният доранд дарахт ва гулу гулбуттаҳо шинонида, муҳитро тоза нигоҳ доранд. Зеро тоза нигоҳ доштани табиати Ватан ва дигар корҳое, ки дар ин самт пешбинӣ шудаанд, қарзи ҷавонони соҳибватан аст.
Дар ин рӯз бо иштироки ҷавонони шаҳр дар майдонҳои «Аскари номаълум» ва «Оташи абадӣ» маъракаи ниҳолшинонӣ сурат гирифт.












Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






