Хатлон: Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил соҳиби таҷҳизоти замонавӣ гардид
ҚӮРҒОНТЕППА, 05.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сили вилояти Хатлон соҳиби дастгоҳи муосири тиббии «Хайн тест» гардид. Дастгоҳи мазкур имкон дорад то 98-99% ин бемориро муайян намояд. Он барои сари вақт муайян кардани чӯбчаи Кох, ки як навъи микобактерияи бавуҷудорандаи бемории сил мебошад, кумак мерасонад.
Тавре директори Маркази мазкур Шамсулло Олимов иттилоъ дод, дастгоҳи замонавӣ имконият медиҳад беморони сил сари вақт аз ташхис гузаранд.
Ба иттилои манбаъ, барои мубориза бо бемории сил дар вилоят заминаи хуби технологияи муосир мавҷуд аст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






