Хуҷанд: баргузории 15 ярмаркаи корӣ дар соли 2016

Январь 19, 2017 12:01

ХУҶАНД , 19.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2016 дар маркази Суғд- шаҳри Хуҷанд барои дастгирӣ ва бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани корҷӯён, аз ҷумла шахсони бешуғл ва аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 15 маротиба ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа 149 нафар шаҳрвандон ба шуғли доимӣ ҷалб гардиданд.
Дар ин бора дирӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода иттилоъ дод.
Ҳамчунин ӯ баён дошт, ки баҳри фароҳам овардани шароити муносиб ҷиҳати пешниҳоди қарзҳои хурди бефоиз барои фаъолияти соҳибкорӣ ба 52 нафар шаҳрвандони бекор- ба ҳар кадоме аз 2 то 4 ҳазор сомонӣ маблағ дода шуд.
Дар маҷмӯъ дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Агентии шуғли меҳнат ва муҳоҷират 1819 нафар шаҳрвандони бешуғли қобили меҳнат ба қайд гирифта шуда, ба 756 нафар ба таври расмӣ мақоми бекор дода шуд. Аз шумораи умумии шахсони бақайдгирифташуда 990 нафарашон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Январь 19, 2017 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд