Хуршед Каримзода: «Воридот коҳиш ёфтааст, содирот афзоиш»
ДУШАНБЕ, 17.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016-ум 3 миллиарду 930 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта, беш аз 390 миллион доллар кам буда, 90,8 фоизро ташкил медиҳад.
Хуршед Каримзода, муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 январ дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки аз маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ 3 миллиарду 31 миллион доллар ба воридот ва наздик ба 900 миллион доллар ба содирот рост меояд. Дар қиёс ба соли 2015 воридоти молу маҳсулот ба ҷумҳурӣ беш аз 400 миллион доллар коҳиш ва содирот 8 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Хуршед Каримзода афзуд, ки омӯзиш ва таҳлили вазъи гардиши тиҷорати хориҷии кишвар бозгӯи он аст, ки дар соли сипаригардидаи 2016 бинобар омилҳои вазъи ноустувори молиявӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва авзои сиёсӣ дар як қатор кишварҳои дунё, хусусан пастравии рушди иқтисодиёти шарикони асосии тиҷорати Тоҷикистон, талабот ба бархе аз молу маҳсулоти содиротию воридотӣ кам гардид. Гардиши савдои хориҷии кишварамон аз оғози соли гузашта давра ба давра коҳиш ёфта, тамоюли коҳишёбии он дар қиёс ба соли 2015 беш аз 9 %-ро ташкил дод.








ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид






