Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор мегардад

Январь 29, 2017 13:37

Столица-000ДУШАНБЕ, 29.01.2017./АМИТ «Ховар»/.   Иҷлосияи нуҳуми ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душабе  даъвати панҷум 7 феврали соли 2017 соати 9:00 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 80 даъват карда мешавад.  Вобаста ба ин қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар иҷлосия ахбори муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе М. Зувайдзода дар хусуси рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни байналмилалии «Наврӯз-2017» шунида мешавад.

Ҳамчунин дар иҷлосия масъалаҳои қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №62, таъйин намудани интихобот дар ин ҳавза ва таъсис додани комиссияи шаҳрӣ оид ба интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи пойтахт шунида ва баррасӣ карда мешаванд.

Январь 29, 2017 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд