И. Қосимзода: «Масъалаи ҷалби занон ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар муассисаҳои бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳо дар мадди назари мо қарор дорад»
ДУШАНБЕ, 17.012017 /АМИТ Ховар/. Таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода ва муовини Раиси Кумита Зулфия Давлатзода ҷиҳати бурдани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ оид ба Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Ишкошим бо шаҳрвандон мулоқотҳо доир шуданд.
Идигул Қосимзода зимни мулоқот оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, ки барои солҳои минбаъда дар Паёми Роҳбари давлат муайян гардидаанд, ибрози ақида намуд. Дар қатори дигар нуктаҳои Паёми Пешвои миллат таъкид гардид, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ дастгирии занону духтарон зиёд шуда, нисбат ба ин масъала аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оила тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд.
«Масъалаи ҷалби занон, хусусан ҷавондухтарон ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ аз масъалаҳои муҳим буда, дар мадди назари мо қарор дорад. Барои дастгирии занону духтарон дар оянда квота ва имтиёзҳо муқаррар карда мешаванд, ки ин боз ҳам рӯҳияи занону ҷавондухтаронро баланд мебардорад»,- иброз дошт Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






