Иҷозатномаи ТҚХ «Ренессанс-кредит» бозхонд гардид
ДУШАНБЕ, 07.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ» ва аризаи барҳамдиҳии ихтиёрӣ аз ҷониби ҶДММ ТҚХ «Ренессанс-кредит», 29 декабр соли 2016 бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти ташкилоти қарзии номбурда қатъ карда шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар асоси қарори зикршуда, иҷозатномаи ташкилоти қарзии номбурда, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон 19 майи соли 2008 барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, бозхонд гардид.
Ба мақомоти ваколатдори ҶДММ ТҚХ «Ренессанс-кредит» супориш дода шудааст, ки барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилоти қарзии номбурда, комиссияи барҳамдиҳиро таъсис диҳанд. Дар навбати худ, комиссияи барҳамдиҳӣ уҳдадор аст, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи тавозунӣ ва дигар маълумоти заруриро пешниҳод намояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






