Иҷрои 8 банди супоришии Паёми имсола ба Вазорати нақлиёти кишвар вогузор шудааст
ДУШАНБЕ, 17.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тарғиби Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлисӣ Олӣ ҷаласа доир гардид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати нақлиёти кишвар иттилоъ доданд.
Дар ҷаласа муовини вазири нақлиёт Зулфия Ёрова оид ба аҳамияти Паём дар пешрафти кори соҳа, нуктаҳои муҳими баррасишуда дар бораи роҳу нақлиёт ва дар амал татбиқ намудани Паём маърӯза кард.
Сардори Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ Шоиста Саидмуродова нақшаи чорабиниҳои Вазорати нақлиётро оид ба амалӣ намудани Паёми Пешвои миллат ба ҳозирин расонид. Зикр шуд, ки аз 69 банди супоришии Паёми имсола иҷрои 8 банди он ба Вазорати нақлиёти кишвар вогузор шудааст ва онҳо бояд мувофиқи нақшаи корӣ марҳила ба марҳила дар амал татбиқ шаванд.
Сардори мудирияти корхонаҳои сохташаванда Абдумаҷид Шарифов, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт Нуриниссо Бобоева, мутахассисони ҷавони вазорат Умедҷон Шералиев ва Шамшод Бобоазиззода оид ба паҳлӯҳои дигари Паём сухан гуфтанд.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






