Иҷрои дастури Паём: Теъдоди кормандони филиали «Амонатбонк» дар ВМКБ аз ҳисоби занон зиёд мегардад
ХОРУҒ, 26.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Сол аз сол теъдоди занону духтарон дар филиали бонки давлатии «Амонатбонк» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёд гардида, акнун шумораи онҳо бо мардон қариб баробар шудааст. Сардори филиали бонки мазкур Зайнаб Мамадназарова гуфт, ки дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат бори дигар дастур дод, ки занон барои фаъолият дар низоми молиявию бонкӣ бештар ҷалб карда шаванд.
«Ҳоло дар филиали вилоятии «Амонатбонк» 90 нафар кор мекунанд, ки 41 фоизи онҳоро занон ташкил медиҳанд. Аз инҳо 6 нафар дар вазифаи раҳбарикунанда фаъолият мекунанд. Вазъи молиявии бонк дар давоми ду- се соли охир рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст ва сафи муштариёни мо танҳо дар соли гузашта наздик ба як баробар афзоиш ёфт. Афзоиш ёфтани шумораи муштариён зарурати таъсис додани воҳидҳои нави кориро ба миён овард, аммо бинои бонк, ки хурд аст, ба ин имконият намедиҳад. Маъмурияти бонки мазкур бо мақсади бунёди бинои нави филиали бонк ба раиси шаҳр муроҷиат кард ва ин масъала ҳалли мусбати худро пайдо кард»,-гуфт Зайнаб Мамадназарова.
Аз семоҳаи дуюми соли равон сохтмони филиали вилоятии «Амонатбонк» дар шаҳри Хоруғ оғоз меёбад. Ба ин васила ҳам сифати хизматрасонии бонкӣ беҳтар мегардад ва ҳам чандин ҷавонон, аз ҷумла занону духтарон бо кор таъмин мешаванд.
Ҳоло филиали вилоятии «Амонатбонк» бо марказҳои хизматрасонии худ дар шаҳру навоҳӣ ба 681 идораву муассисаҳои буҷавӣ ва зиёде аз 400 корхонаву ташкилотҳои ғайрбуҷавӣ хизмат мерасонад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






