Ифтитоҳи маҷмааи варзишӣ — туҳфа дар «Соли ҷавонон»
ДУШАНБЕ, 14.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Конибодом ба фаъолияти маҷмааи наву муосири варзишӣ ифтитоҳ бахшида шуд. Ин маҷмааи замонавӣ аз толори варзишӣ, толори бокс ва фитнес-клуб иборат буда, бо харҷи зиёда аз 800 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бародарон — Ҷамшед ва Дилшод Назаровҳо бунёд гардида, мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, зикр кард, ки ба ин муносибат дар саҳни варзишгоҳи марказии шаҳр ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ, вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабов, собиқадорони варзиш, ҷавонону наврасон ва сокинон иштирок намуданд.
Бо ба истифода додани маҷмааи варзишӣ 20 нафар бо кори доимӣ таъмин карда шуданд.
Дар назар дошта шудааст, ки ҳавзи варзишӣ, толори варзишии гимнастикӣ ва шоҳмот, инчунин корти теннис ба истифода дода, доираи фарогирии ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш васеъ карда шавад.
Ҳамчунин имрӯз дар шаҳри Конибодом маъракаи ниҳолшинонӣ аз тарафи ҷавонон оғоз гардид. Тибқи иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» гурӯҳи ҷавонони шаҳр дар боғи маданият ва истироҳати шаҳр ниҳолҳои гуногуни ороишии ҳамешасабз шинониданд.
Дар маҷмӯъ 300 ниҳол шинонида шуд, ки дар афзун намудани ҳусни шаҳр ва таъмини муҳити тозаи экологӣ, ба ободии диёр мусоидат мекунад.













«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






