Ихтироъкорону навоварон, худро дар Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» бисанҷед!

Январь 19, 2017 18:08

ДУШАНБЕ, 19.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни навбатии ҷумҳуриявии «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» барои солҳои 2015-2016-ро эълон менамояд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтиод ва савдо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмун ба муносибати «Рўзи ихтироъкорон ва навоварони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Рўзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ», ки 26 апрел баргузор мегардад, эълон шудааст.
Ғолибонро ҷоизаҳои махсус ва туҳфаҳои хотиравӣ интизоранд.
Натиҷаҳои озмун дар ҷаласаи тантанавие, ки дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2017 гузаронида мешавад, эълон карда мешаванд.
Аризаҳо барои иштирок дар озмун то 20 феврали соли 2017 бо нишонии 734042, ш. Душанбе, кўчаи Айнӣ 14-а қабул карда мешаванд.
Телефонҳо барои тамос: 222-21-53; 98-532-10-02; 98-903-00-50. Email: bahodur.nazarov@mail.ru;
Маълумоти муфассал дар сомонаи Муассиса: www.tajpatent.tj

Январь 19, 2017 18:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд