Инкишофи илми педагогика дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 9, 2017 11:52

ДУШАНБЕ, 09.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Инкишофи илми педагогика дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-таҳти чунин унвон бо иштироки олимону мутахассисони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А. Ҷомӣ ҷамъомад баргузор шуд.
Тавре аз Академияи таҳсилоти Тоҷикистон хабар доданд, ноиби президенти Академия Ирина Каримова иброз дошт, ки ҳадафи ҷамъомади мазкур дарки васеи масъалаҳои баҳсталаб, камбудиву норасоиҳои соҳа аз нигоҳи Пешвои миллат ва ба ин васила, ба вуҷуд овардани эҳсоси дӯст доштани Ватан, эҳтирому гиромидошти муқаддасоти миллӣ ва беҳбуд бахшидан ва фаъолияти самарабахши муассисаҳои таълимӣ мебошад. «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намуда, рушду нумуи соҳаи тақдирсози ҷомеа — маорифро аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморанд»,-иброз дошт Ирина Каримова.
Дар ҷамъомад дар мавзӯъҳои «Дурнамои вазифаҳои илми педагогика», «Ташкили синфҳои камнуфус ва ҷадвали дарсҳо», «Муҳтавои баёнияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба дурнамои масъалаҳои инкишофи маориф» маърӯзаҳо шунида шуданд.

Январь 9, 2017 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад