Иштироки намояндаи Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Гайдар

Январь 16, 2017 17:39

ДУШАНБЕ,16.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маскав Форуми VIII байналмилалии Гайдар дар мавзӯи  «Россия ва ҷаҳон: интихоби афзалиятҳо» доир гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш Лутфия Абулхолиқзода,  ректори Донишкадаи  идоракунии  давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ кард.
Форуми мазкур бо ибтикори Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи  идоракунии давлатии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон итилоъ доданд.
Л.Абдулхолиқзода дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии  муассисаи заминавии  давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ оид ба омодасозии  кадрҳо дар самти  идоракунии давлатӣ, ки дар   доираи Форум доир гардид, иштирок намуда, аз таҷрибаи Тоҷикистон гузориш дод. Мавсуф пешниҳод намуд, ки масъалаҳои анҷоми тадқиқоти илмӣ, гузаронидани конфронсҳои муштараки илмӣ-амалӣ ва ташкили амалисозии барномаҳои магистрӣ ва омодасозии аспирантҳо дар доираи ҳамкорӣ ба роҳ монда шаванд. Ҳамзамон Абдухолиқзода  дар кори  ҷаласаҳои Форум иштирок намуда, доир ба масъалаҳои муҳими рушди бахши хизмати давлатӣ ва идораи давлатӣ дар Тоҷикистон  маълумот дод.
Форуми ГайдарЛутфия Абулхолиқзода,  ректори Донишкадаи  идоракунии  давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо роҳбарияти Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия Владимир Мау  масъалаҳои марбут ба  таҳсили магистрантҳо ва аспирантҳои тоҷик, сифати тайёр намудани мутахассисони бахши хизмати давлатии муосир ва усулҳои навини омодакунии кадрҳои роҳбарикунандаи миллиро матраҳ намуд.
Дар Маскав Л. Абдулхолиқзода бо магистранҳо ва аспирантҳои тоҷик, ки дар Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия таҳсил менамоянд, вохӯрӣ анҷом дод.

Январь 16, 2017 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд