Иштироки Пешвои миллат дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 27, 2017 11:10

Душанбе, 27.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кохи Наврӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Раиси Шӯро, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, роҳбарият ва аъзои фаъоли ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, ташкилоту созмонҳо ва иттиҳодияҳои гуногуни ғайридавлатию ҷамъиятӣ, динию фарҳангӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат карданд.
Ҳоло дар мамлакат 7 ҳизби сиёсӣ ва қариб дуюним ҳазор созмони ҷамъиятӣ бо дархосту пешниҳодҳои созандаи худ таъсиргузор буда, онҳо дар доираи талаботи оинномавии худ ба хотири пешрафти соҳаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат саъю талош мекунанд.
Сарвари давлат, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба нақши Шӯрои ҷамъиятӣ дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷомеа баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки қарорҳои дар ҷаласаҳои ин Шӯро қабулшуда дар даврони соҳибистиқлолӣ барои ба эътидол овардани вазъи ҷомеа, ваҳдати миллӣ, суботи комили сиёсӣ таъмини сулҳу амният, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, озодии сухан ва муколамаи сиёсӣ заминаҳои воқеӣ фароҳам оварданд.
Ба андешаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми бист соли фаъолияти худ Шӯрои ҷамъиятӣ муколамаи байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои милливу фарҳангӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятиро таъмин намуд ва ба таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ кумак расонида, вазифаҳои таърихии худро иҷро кард.
Нақши Шӯрои ҷамъиятӣ ҳамчунин дар раванди амалӣ гардидани се ҳадафи стратегии давлат таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути корҳои ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ бузург арзёбӣ гардида, изҳори итминон карда шуд, ки ибтикороти созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва иттиҳодияҳои истеҳсолии соҳибкорони хурду миёна ба хотири амалӣ шудани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ идома меёбад.
Дар суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи ниҳоят печидаву мураккаби ҷаҳони имрӯза, аз қабили зуҳуроти номатлуби коррупсия ва афзоиши хатари терроризму ифротгароӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки мубориза ба муқобили ин хатарҳо на танҳо вазифаи давлат ва Ҳукумат аст, балки дар пешгирии ин зуҳурот тамоми ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияву созмонҳои ғайриҳукуматӣ бояд фаъол бошанд.
Тавре таъкид гардид, дар ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ маротибаҳои зиёд ба нақши ҷавонон дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ афзалияти бештар дода шуда, давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз насли ҷавон ва ояндасоз эътимоди бузург дорад ва ҳар як ташаббуси созандаи онҳоро дастгирӣ менамояд. Бо назардошти ин, аз аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ талаб карда шуд, ки дар баробари мақомоти давлатӣ барои ҷалби ҷавонон дар корҳои созандагиву ободкорӣ нақши фаъол гузошта, дар пешгирӣ намудани паҳншавии бегонапарастиву хурофот ва экстремизму терроризм дар байни ҷавонон саҳми муносиб гузоранд.
Баъди анҷоми суханронии Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ доир ба паҳлӯҳои гуногуни рушду тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар партави сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фикру мулоҳизаҳои судманд ва андешаҳои ҷолиб баён доштанд. Дар муҳокимаи масоили муҳими рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони ҳизбу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар аъзои Шӯро фаъолона иштирок намуданд.

Январь 27, 2017 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Боздиди кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Турсунзода
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №129-ро дар маҳаллаи Сомони ноҳияи Фирдавсӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе марҳилаи дуюми муассисаи таълимии хусусии «Ҳоризон»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Лермонтови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Марямро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи молҳои саноатӣ, кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми СММ оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми СММ оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд