Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари давлатӣ тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд

Январь 12, 2026 11:54

ДУШАНБЕ, 12.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари давлатӣ тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд.

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозхонд намудани Кенҷазода Муҳаммадҷалолиддин ва Ғуломзода Сафарбек аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати ваколаташон, инчунин дар бораи интихоби Кенҷазода Муҳаммадҷалолиддин, Ғуломзода Сафарбек, Сафарзода Маҳинабону, Раҳмонзода Икром ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нурализода Одил ба вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардиданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони суди шаҳру ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур, Мурғоб, Шаҳристон, Вахш, Рашт, Ховалинг, Норак, Рӯдакӣ таъин карда шуданд.

Тағйироти кадрӣ, ҳамчунин дар сатҳи муовинони раисони мақомоти судӣ, судяҳои судҳо ва судҳои иқтисодии вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои кишвар амалӣ гардид.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се нафар аз ҳисоби кадрҳои корозмуда ва дорои таҷрибаи кофӣ дар соҳаи дипломатия ба вазифаҳои муовинони вазири корҳои хориҷӣ таъин гардиданд.

Ҳамчунин муовини якум ва муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовини директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори муассисаи давлатии Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва раиси Палатаи савдо ва саноати кишвар аз ҳисоби кадрҳои варзидаи ин соҳаҳо таъин гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат онҳоро ба кору хизмати содиқонаю софдилона ва бо виҷдони пок ба нафъи давлат ва мардуми Тоҷикистон, таъмини адолати судӣ ва волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандони кишвар, назорати беҳсозии сифати таълиму тарбияи насли наврас ва муаррифии шоистаи таърих ва фарҳангу ҳунари Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳидоят намуданд.

Таъиноти кадрӣ 12.01.2025

Январь 12, 2026 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»