Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 14, 2026 17:45

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи
иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии
хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ,
андозаи нафақа ва стипендия

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқи моддаҳои 143, 147 ва 149 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», моддаҳои 12 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» фармон медиҳам:
1. Аз 1 сентябри соли 2026:
— ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
— маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 25 дарсад зиёд карда шавад;
— маоши вазифавии кормандони муассисаҳои дигари соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва муассисаҳои дигари буҷетӣ 20 дарсад зиёд карда шавад;
— андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ 20 дарсад зиёд карда шуда, 893 сомонӣ муқаррар карда шавад;
— андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ 1614 сомонӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 1506 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида 1668 сомонӣ муқаррар карда шавад;
— стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба андозаи 20 дарсад зиёд карда шаванд;
— маоши вазифавӣ (меъёрҳои тарифӣ)-и хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони дигари ин мақомот ба андозаи 20 дарсад зиёд карда шавад;
— маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 2002 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 1800 сомонӣ муқаррар карда шавад;
— андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, ки дар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият менамоянд, 1800 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида 2002 сомонӣ муқаррар карда шавад;
— нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда шаванд.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
— амалишавии фармони мазкурро дар соли 2026 аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузории фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда, маблағҳои бақияи озод, иҷрои барзиёди даромади буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ ва буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, аз ҳисоби сарфаи моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет, азнавтақсимкунии моддаҳои дигари хароҷот, маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ таъмин намоянд;
— дар муҳлати як моҳ қарорҳои худро ба фармони мазкур мутобиқ намоянд;
— ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кумакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва ҳолатҳои дигари ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманд (ба ғайр аз нафақа)-ро мутобиқи Тартиби ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнати корманд дар ҳамаи ҳолатҳо (пардохти кафолатнок ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ҳангоми пардохти музди муҳлати рухсатӣ, ҳангоми пардохти музди меҳнати давраи гузаронидан ба кори дигар), ба ғайр аз музди миёнаи меҳнат ҳангоми таъин намудани нафақа, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, №313 тасдиқ шудааст, амалӣ намоянд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
14 январи соли 2026
№1132

Январь 14, 2026 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи ноҳияи Рашт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии Пайванди Рашт дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи фаръии истеҳсоли шарбати Саноати хӯроквории минтақаи Раштро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 15 иншоотро ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи расмии Варзишгоҳи миллӣ ва барномаи театрикунонидашуда ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози роҳпаймоии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ