Иштироки Сафири Тоҷикистон дар қабули расмии Президенти Олмон
ДУШАНБЕ, 13.01.2017. /АМИТ Ховар/. 12 январи соли 2017 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов дар қабули расмии Президенти федеролии Олмон дар Қасри Белвюи Берлин иштирок намуд. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд.
Дар суҳбати кӯтоҳ Сафири Тоҷикистон Маликшо Неъматов аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти федералии Олмон Йоахим Гаук паёму дуруд ва таманниёти нек расонида, миннатдории ҷониби Тоҷикистонро барои шарикии Олмон дар раванди рушди устувор ва ҳамкории гуногунҷабҳаи ҳарду кишвар изҳор намуд.
Дар қабули расмӣ ҳамзамон Вазири федералии корҳои хориҷии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер ва Вазири ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон Герд Мюллер иштирок доштанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






