Кӯлоб: Дар таътили зимистона хонандагон ба тамошои Осорхонаи таъриху кишваршиносӣ ҷалб гардиданд
КӮЛОБ, 18.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо тибқи нақшаи шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб оид ба гузаронидан таътили зимистона хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру деҳоти Кӯлоб ба тамошои Осорхонаи таъриху кишваршиносӣ ҷалб карда шудаанд. Тибқи нақшаи тарҳрезишуда ба осорхонаи мазкур ҳамарӯза шумораи зиёди мактаббачагон омада, бо осори гаронбаҳои таърихии мардуми Тоҷикистон шинос мегарданд.
Ба гуфти мутахассисони соҳа, тамошои осорхона дар зеҳни ҷавонону наврасон ҳисси миллӣ ва ватандӯстиро бедор мекунад.
Ҳамчунин силсилачорабиниҳои дигари шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо шуъбаи фарҳанг, мактабҳои варзишӣ, марказу синфхонаҳои компютерӣ, китобхона ва дигар ниҳодҳои дахлдор ба нақша гирифта шуда, ҳамарӯза роҳандозӣ мегарданд.
Ба ин барномаҳо шумораи зиёди муҳассилин ҷалб карда мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






