КФ «Зенит» дастаи «Соҳар»-и Уммонро бо ҳисоби 14:1 мағлуб кард
ДУШАНБЕ, 18.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Клуби футболи «Зенит»-и Санкт-Петербург, ки омодагиро ба идомаи мавсими футболи Премйер лигаи Россия дар Амороти Муттаҳидаи Араб мегузаронад, дар як бозии санҷишӣ бо дастаи «Соҳар»-и Уммон ба ғалабаи рекордӣ ноил шуд ва ба дарвозаи ҳарифаш 14 тӯб ворид намуд. Ин вохӯрӣ бо ҳисоби 14:1 ба поён расид. Дар ин бора «Спорт-Экспресс» хабар медиҳад. Дар ҳайати «Зенит» Александр Кокорин ва Лука Ҷорҷевич хет-трик намуда, Роберт Мак ва Сергей Зуйков ду голӣ заданд.
Дастаи «Соҳар»-и Уммон соли 1972 таъсис ёфта, аз соли 2012 дар Лигаи касбии ин кишвар таҳти роҳбарии мураббии сербиягӣ Дарко Янкович бозӣ мекунад.
Аз ин пештар «Зенит» бо КФ «Айнтрахт» натиҷаи мусовӣ ба даст оварда, бар «Чанчун Ятай» -и Чин ғолиб омад. Имрӯз даста бозии таҷрибавӣ ва санҷишии худро бо дастаи «Видеотон» аз Венгрия мегузаронад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






