КИ ҲХДТ Шоҳмансур: Вакилон нуктаҳои Паёми Пешвои миллатро ба интихобкунандагон шарҳ медиҳанд
ДУШАНБЕ, 13.01.2017. /АМИТ Ховар/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур вохӯриҳои вакилон бо интихобкунандагон бобати шарҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.
Дар ин бора Ҷӯрабек Муродов, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур иттилоъ дода, зикр кард, ки Баҳром Абдуалимов, Лутфия Раҷабова, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур № 3 дар якҷоягӣ бо олимону устодони макотиби олии кишвар дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансур бо интихобкунандагон мулоқот намуданд.
Иштирокдорон асосан атрофи Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, таъкид карданд, ки Паёми Пешвои миллат тоҷикистониёнро баҳри ворид гардидан ба марҳалаи нави рушди кишвар раҳнамун сохта, ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошем.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






