Китоби «Асарҳои саҳнабоб»-и Аловуддин Абдуллоев рӯи чоп омад
ДУШАНБЕ, 28.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. 25 январи соли равон ба Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин 10-нусха китоби тозанашри «Асарҳои саҳнабоб» тақдим гардид.
Дар ин бора аз Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ китоби «Асарҳои саҳнабоб» чор асари драманависони кишварҳои хориҷиро дар бар гирифта, он аз тарафи Аловуддин Абдуллоев, директори Театри вилоятии шаҳри Қӯрғонтеппа ба забони тоҷикӣ баргардон шудааст.
«Аловуддин Абдуллоев ҳангоми ба тоҷикӣ баргардонидани асарҳо хусусият ва характери миллии мардуми тоҷикро ба назар гирифта, вобаста ба он калима ва ибораҳои шӯхиомези тоҷикиро истифода бурдааст, ки ин метавонад ба хонанда ва тамошобин завқ бахшад»,- қайд кардааст манбаъ.
Китоби тозанашри «Асарҳои саҳнабоб» соли равон дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар нашриёти «Бохтар» бо сифати баланд аз чоп баромадааст.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






