«Китоби сурх»-и Тоҷикистон дар ду қисм ва бо 3 забон нашр мешавад
ДУШАНБЕ, 17.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2016 дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалии дар Тоҷикистон фаъолияткунанда матни тоҷикии «Китоби сурх»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума шуда, айни ҳол чопи ин китоб дар ду қисм бо 3 забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) омода шуда истодааст. Дар ин бора Хайрулло Ибодзода, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ имрӯз дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Хайрулло Ибодзода гуфт, ки қисми якуми «Китоби сурх»-и Тоҷикистон олами наботот ва қисми дуюми он олами ҳайвонотро дар бар мегирад. Ин китоб барои маълумоти бештар пайдо намудани шаҳрвандон ва сайёҳон дастури наву муфид мебошад, зеро китоби мазкур дар даврони истиқлолият аввалин маротиба бо тағйироти куллӣ нашр мешавад.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






