Комил Мирзоалӣ: «Паёми Пешвои миллатро бояд чун роҳнамо дар фаъолияти ҳаррӯза истифода барем»
ДУШАНБЕ, 13.01.2017 /АМИТ Ховар/. Имрӯз дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҷаласаи умумии минтақаи душанбегии Роҳи оҳани Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа нуктаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қабул шудани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Комил Мирзоалӣ, сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иброз дошт, ки «Паёми пешвои миллат роҳнамои мост. Моро имрӯз мебояд Паёмро омӯхта, ҳар як нуктаи онро дар фаъолияти худ мавриди истифода қарор диҳем».
Ҳамчунин муовини сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Усмон Қаландаров зикр кард, ки истифодаи оби тоза барои сайёраи замин масъалаи муҳим аст. Қабул шудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 чорумин пешниҳоди Пешвои миллат аст, ки аз тарафи СММ қабул гардидааст. Ин ифтихори мо- миллати тоҷик мебошад








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






