Корхонаи давлатии таъминот ва савдои китоби ҷумҳурӣ ба китобхонаи шаҳри Хоруғ асарҳои тозанашр супурд

Январь 28, 2017 10:44

ХОРУҒ, 28.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи давлатии таъминот ва савдои китоби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба китобхонаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон садҳо китобҳои илмию оммавӣ тақдим мекунад. Ин иқдом дар пайдо намудани китоби дилхоҳ ба хонандагони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯёни донишгоҳи олӣ ва коллеҷҳо мусоидати бештар менамояд.
Дар оғози соли нави мелодӣ ин корхона кумаки навбатии худро аз китобхонаи шаҳрии ба номи Ҳофизи Шерозӣ оғоз кард. Мудири китобхонаи мазкур Гулшод Раҳматхудоева аз пешниҳоди ин туҳфаи гаронарзиш ба роҳбарияти корхонаи мазкур изҳори сипос намуда, баён дошт, ки бо илова гардидани ин асарҳои нав шумораи китобҳои китобхона ба 333 ҳазор нусха расид.
Дар баробари асарҳои илмию бадеӣ бо хоҳиши маъмурияти китобхона имсол китобҳои дарсӣ низ дастрас гардиданд. Зеро бисёре аз хонандагон мехоҳанд масъалаҳои математикиро дар толори хониш ҳал намоянд ва ё дар атрофи вазифаи хонагӣ оид ба забону адабиёт баҳсу мунозира кунанд. Қаблан бо сабаби мавҷуд набудани китобҳои дарсӣ онҳо ин имкониятро надоштанд, аммо акнун барояшон чунин шароит фароҳам оварда шуд.

Январь 28, 2017 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд