Кумитаи ҳолатҳои фавқулода метавонад наҷотдиҳандагони Афғонистонро омӯзиш диҳад

Январь 20, 2017 16:05

ДУШАНБЕ, 20.01.2017/АМИТ «Ховар»/. 19 январи соли равон дар намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон мулоқоти Шӯрои ҳамоҳангсозии татбиқи се лоиҳаи имзошуда миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ), Ҳукумати Ҷопон, Фонди трастии Русия ва Агентии швейсарӣ оид ба рушд ва ҳамкорӣ доир гардид. Дар мулоқот пешниҳод карда шуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи омодагии воҳидҳои наҷот ба нақша бунёди майдони омӯзишӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар заминаи Маркази омӯзиши КҲФ дохил карда шавад.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода зикр кард, ки ҳадафи асосии мулоқот- баланд бардоштани самаранокии кор ва вокуниши фаврӣ ба ҳолатҳои фавқулода аз роҳҳои амалкарди муштарак мебошад.
«Барои расидан ба ин зарур аст, ки низоми огоҳкунии бармаҳалро аз Сарез то ноҳияи Шаҳритус навсозӣ карда, омодагии касбии наҷотдиҳандагонро аз роҳҳои омӯзиш такмил диҳем ва заминаи техникии наҷотдиҳандагонро беҳбуд бахшид»,- гуфт Рустам Назарзода. Ӯ илова намуд, ки барои татбиқи вазифаҳои дар миён гузошташуда то охири семоҳаи аввали соли 2017 ворид намудани тағйирот дар сохтори КҲФ бо назардошти зиёд кардани шумораи кормандони ситодҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, сохтани гурӯҳҳои иловагии наҷотдиҳандагон дар водиҳои Ҳисор, Зарафшон ва шаҳри Роғун, бунёди хадамоти кинологӣ, ташкили гурӯҳҳои ғаввосон, ҳамчунин таҳкими гурӯҳи наҷот дар минтақаи Рашт ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин дар ҷаласа гуфта шуд, ки имконияти хадамоти наҷотдиҳии кӯҳии Кумита дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Норак боло бурда шавад.

Январь 20, 2017 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад