Кумитаи забон ва истилоҳот фаъолияти «Ҳамсадо», «Суғдсинамо» ва «Суҳайл синамо»-ро мавриди санҷиш қарор медиҳад

Январь 30, 2017 16:52

DSC_0851ДУШАНБЕ, 30.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2017 Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалии «Ҳамсадо», «Суғдсинамо»-и ба номи Комил Ёрматов, «Тоҷик диёр», «Санои синема», «Истиқлол», «Нурангез», «Адам», «Суҳайл синамо», «Амирӣ-медиа», «Фаридун», «Муҳаммад», «Суғдивидео», «Абдулло-медиа» ва «Дарвозфилм» дар соли 2017 мавриди санҷиш қарор медиҳад.
Дар ин бора Гавҳар Шарофзода, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Гавҳар Шарофзода ҳамчунин зикр кард, ки дар ин давра аз ҷониби мақомоти судӣ барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо моддаи 89 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 59 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ карда шуда, ба андозаи 45 660 сомонӣ ҷарима таъйин гардид. Аз ин маблағҳо 37 060 сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида шудааст.
Илова бар ин, забони рӯзномаҳои даврӣ ва риояи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» низ аз ҷониби кормандони Кумита мавриди омӯзиш қарор дода шуда, аз натиҷаи он ба мақомоти дахлдор хулоса пешниҳод хоҳад шуд.

Январь 30, 2017 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад