М. Хидирзода: «Дар роҳи таъмини рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар тавонистем ба натиҷаҳои назаррас ноил шавем»
ҚӮРҒОНТЕППА, 17.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ташкилоту идораҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳри Қӯрғонтеппа вохӯриҳои гурӯҳи корӣ оид ба шарҳи бандҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров ва аъзои гурӯҳ аз идораҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ силсилавохӯриҳо баргузор гардиданд.
Зимни вохӯрию суҳбатҳо андешаҳо марбут ба ҳадафҳои дар Паёми навбатии Президенти мамлакат дарҷгардида баён гардиданд. Ҳадаф аз баргузории чунин вохӯриҳо ва таъсиси гурӯҳҳои корӣ ба сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа ва вилояти Хатлон фаҳмонидани мазмуну муҳтавои самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлат ва вазифаҳоест, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд.
Муовини Раиси вилоят Махфират Хидирзода зикр кард, ки Паёми имсолаи Президент оид ба муайян сохтани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар баъди ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давраи воридшавии он ба марҳилаи нави рушд ирсол гардида, моро ба сӯи ояндаи ободу осуда роҳнамоӣ менамояд.
«Таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин муддат дар роҳи таъмини рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар мо тавонистем ба натиҷаҳои назаррас ноил шавем»,-иброз дошт М. Хидирзода.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






