М.Хидирзода: «Дар самти пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ аз усулҳои нав истифода бояд бурд»
ҚӮРҒОНТЕППА, 19.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа таҳти роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода ҷаласаи комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар ҷаласа гузориши котиби комиссияи ҷамъиятии вилоятӣ оид ба пешгирии коррупсия ҷиҳати фаъолияти комиссия дар соли 2016 шунида шуд. Инчунин раисони комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсияи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Восеъ оид ба фаъолияти комиссияҳо ҳисобот доданд.
Муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода пас аз баррасии фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ зикр намуд, ки кори комиссияҳои шаҳру навоҳии вилоят бояд ҷоннок карда шавад.
М. Хидирзода гуфт, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ бояд бо дарёфти усулу роҳҳои нав пурзӯр карда шаванд, то оммафаҳм бошанд.








Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад






