М. Ватанзода: «Дар Паёми Пешвои миллат ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, мубориза бо коррупсия ва терроризм диққати муҳим дода шудааст»
ДУШАНБЕ, 16.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДДТТ) дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади шарҳи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бо ширкати васеи устодону донишҷўёни донишкада мулоқоти судманд баргузор гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар он Маҳмадулло Ватанзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулбаҳор Назирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон сухан карда, мулоҳизаҳои хешро перомуни Паёми Пешвои миллат ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол баён доштанд.
Маҳмадулло Ватанзода иброз дошт, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, алалхусус, мубориза бо коррупсия, терроризм, экстремизм ва нашъамандӣ диққати муҳим дода шудааст.
Гулбаҳор Назирӣ, вакили мардумӣ аз ҳавзаи интихоботии шаҳри Хуҷанд дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи саҳми Пешвои миллат дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ ва дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ сухан ронда, нақши Парлумони касбиро дар таҳия ва қабули қонунҳо мусбат арзёбӣ кард.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






