Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» дар самти кумак ба бенавоёну ятимон гомҳои устувор мегузорад
ДУШАНБЕ, 19.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Табибони Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» аз рӯзи фаъол гаштанаш ба зиёда аз ҳазор нафар ашхоси эҳтиёҷманд ва камбизоат хизматрасонии ройгони тиббӣ расониданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» Каримхон Қурбонов хабар дод.
Номбурда инчунин илова намуд, ки ин иқдоми наҷибро дастгирӣ намуда, табибон кӯшиш доранд ҳарчи зиёдтар ба нафарони маъюб ва камбизоату ятим кумаки худро расонанд.
Дар 5 моҳи соли 2016 дар Маҷмааи тандурустии навбунёди «Истиқлол» ба 32 ҳазору 642 нафар аҳолии ҷумҳурӣ хизмати тиббӣ расонида шудааст. Дар маҷмаа шуъбаҳои зиёде фаъолият мекунанд, ки бо мутахассисони ботаҷриба ва дастгоҳҳои муосир таъмин мебошанд.
Як дастгоҳи муосири ин муассисаи тандурустӣ «Томографияи магнитию резонансӣ» мебошад, ки амалиёти зиёдеро иҷро мекунад. Тавре ки Сайидислом Назифов, табиби ин маҷмаа ба хабарнигори АМИТ «Ховар» баён дошт, фарқияти ин дастгоҳ аз томографияи пешин дар он аст, ки бисёр узвҳои инсон ба воситаи он ташхис карда мешаванд.
Директори Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» Каримхон Қурбонов афзуд, ки ин муассисаи тандурустӣ ба хотири табобату ташхис ва муолиҷаи мардуми кишвар бунёд гардида, меҳвари фаъолияти асосии тамоми кормандони ин муассисаи тандурустиро ҳамин марказ ташкил медиҳад.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






