Майдони варзишӣ дар домани кӯҳ

Январь 11, 2017 17:03

ХОРУҒ, 11.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Касе агар ба шаҳри Хоруғ сафар карда бошад, дар куҷо ҷойгир будани маҳаллаи Хоруғро медонад. Ин маҳалла дар домани кӯҳ мавқеъ гирифтааст ва ёфтани китъаи ҳамвори замин дар ин ҷо ғайриимкон аст. Аммо ҷавонони ин маҳалла ташаббус зоҳир карда, қарор доданд, ки  дар қитъаи замини нокорам, дар бари кӯҳдоман майдончаи варзишӣ бунёд намоянд. Раиси маҳалла Миликшо Азизов гуфт, ки «мо дар маҳалла варзишгарони зиёд оид ба намудҳои мухталифи варзиш дорем, ки онҳо барои тамрин шароит надоранд. Як иддаи онҳо ба маҳаллаҳои дигари шаҳр рафта,  маҳорати худро такмил мдиҳанд, аммо баъзе аз онҳо чунин шароит надоранд. Бинобар ин мо қарор додем дар маҳаллаи худ майдончаи варзишӣ бунёд  кунем, агарчи он дар доманаи кӯҳ ҷой гирифтааст. Дарозии ин майдонча 60 метр буда, паҳноияш низ 60 метр аст. Сохтмони ин майдончаи варзишӣ сокинони маҳалларо аз хатари ҷорӣ шудани селу афтодани кӯҳпораҳо эмин нигаҳ медорад. Чун сангпорае аз кӯҳ канда шавад, ин майдонча аз ҳаракат онро боз медорад».
Сардори ҶДММ «Шер» Маҳмадбек Мамадбеков гуфт, ки ӯ аз ин иқдоми ҷавонони ташаббускор, ки барои ободии Ватан кӯшиш мекунанд, ҳамеша дастгирӣ мекунад, зеро дӯст доштани Ватан аз хонаю зодгоҳ  оғоз меёбад.

Январь 11, 2017 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад